Ким Ҷей Ҷонг: Ман аз журналистон метарсам
Мусоҳибаи журналисти тоҷик бо ситораи № 1-и кинои Куриё
Бо фаҳмидани он ки ман журналистам, Ким Ҷей Ҷонг ба даҳшат афтод. Ӯ зорӣ мекард, ки асрорашро ба касе нагӯям. Дӯстонаш дар алоҳидагӣ бо ман дар тамос шуда, гоҳ таҳдиду гоҳ хоҳиш мекарданд, ки он сирро ба касе накушоям. Ба даҳшат афтодам, ки чаро инҳо ба ман чун ваҳшӣ муносибат доранд. Билохира тоқатам тоқ шуду ба Ҷей муроҷиат карда гуфтам:
-Ё ба ман мефаҳмонед, ки ин ҷо чӣ гап аст, ё ман ҳамаи шуморо ба суд медиҳам!
Ҷей ниҳоят кафиду гуфт:
— Ман аз журналистон метарсам, аз туҳмату бӯҳтони шумо хаста шудам. Мефаҳмед, хаста шудаам!!!
Даричаи ошноӣ
Номи аслӣ: Ким Джэ Джун / Kim Jae Joong / 김재중
Тахаллуси эҷодӣ: ҶэҶун / Jaejoong / Хиро / Hero
Ихтисос: сароянда, актёр, модель
Санаи таваллуд: 26- январи 1986
Макони таваллуд: Конҷу, Кореяи Ҷанубӣ
Қад: 180 см
Вазн: 63 кг
Домоди як миллион арӯс
Ситораи №1-и синамои Куриё Ҷей Ҷонг Хиро, номи аслияш Ким Ҷей Ҷонг, яке аз зеботарин ва машҳуртарин мардони қитъаи Осиё ба шумор меравад. Ҷонг ҳамчун ҳунарпешаи муваффақ на танҳо дар ватанаш Куриё ва Ҷопон, балки дар собиқ кишварҳои Шӯравӣ ва Тоҷикистон низ шуҳрати беандоза дорад. Нақшҳои дар «Секунҷа ё қиссаи 3 бародар» (Треугольник), «Ҷосус» (Шпион), «Люк», «Хаткашони самоӣ» (Небесный почтален) «Шағол» (Шакал) ва филмҳои дигари офаридааш Хироро ба шоҳзодаи орзуҳои ҳазорон-ҳазор хонумҳои нозанин табдил додаанд. Миллионҳо занони сайёра ошиқи шайдои ин ҷавонмарди хушқаду қомати шуҳратёр гашта, дилашон бо ёди Хиро гум мезанад, аммо бо ин ҳама харидор домоди орзуҳои як миллион арӯс то ҳол муҷаррад аст. Чаро?
Сағераи бе кас
Дар назари аввал Ҷей Ҷонг Хиро хушбахттарин марди ҷаҳон метобад, вале бадтарин азобҳоро дар зиндагӣ аз сар гузаронидааст. Волидони аслиаш дар кӯдакӣ аз ӯ даст кашида, Ҷейро ба ятимхона месупоранд. Дертар оилаи Ким дар қатори 9 духтари ба фарзандӣ қабул кардаашон ӯро низ аз Хонаи бачаҳо гирифта ба воя мерасонанд. Азбаски дар хона падархондаш танҳо кор мекард, зиндагӣ барои Ҷейи хурдсол дар ин оилаи камбизоат хеле душвор буд. Бачаи бечора маҷбур буд, ки барои ғизои худаш кор кунад.
Ба иқрори худаш Ҷей ҳанӯз аз замони 9- солагӣ бо фурӯхтани газета рӯз гузаронида, нонашро меёфт. Зиндагии бисёр пурмашаққат дошта бошад ҳам, вай ҳаргиз аз дарсҳои мактаб қафо намемонд. Рӯз мактабу кори арибаити (кори иловагӣ) ва шаб дарстайёркунӣ- ин буд ҳаёти рӯзмарраи Ҷей то синни 15- солагияш, аммо баъд зиндагиаш якбора тағйир ёфт…
Зоғ булбул мешавад, агар…
Дар 15-солагӣ рӯзе нохост ба сараш андешае омад, ки вай бояд сароянда шавад. Имрӯз Ҷей он замонро ба ёд оварда мегӯяд:
-Иқрор мешавам, ки овози хеле нофорам доштам ва ҳатто дӯстонам бо шунидани овози ман аснои замзамаи ин ё он суруд механдиданд, аммо азми ман қавӣ буд, ки бояд сароянда шавам!
Ба хотири амалӣ намудани орзуяш баъди машқу тамринҳои зиёд вай тамоми маблағи пасандоз кардаашро гирифта ба Сэул омад, то ки дар озмуни компанияи S.M. барои дарёфти овозхонҳо ширкат варзад. Барои додани пули рента (ба қайдгирӣ) ӯро лозим омад, ки дар пойтахт низ шабу рӯз заҳмат кашад. Нархи рента 150.000 (вон) буд. Барои ба даст овардани маблағ Ҷей нақши аскарро дар филми Taegeukgi Hwinallimyeo иҷро намуд, вале гонорари аз ин филм гирифтааш танҳо барои харидани сақич кифоягӣ карду халос. Ин ҳама мушкилиҳо натавонистанд иродаи қавии ин ҷавони серғайратро бишкананд. Ҷей аз мушкилиҳои пешорӯяш баромада заррае наҳаросида, шабу рӯз кӯшиш менамуд, ки бо кадом роҳе набошад, орзуяшро амалӣ намуда, овозхон шавад….
Қаҳрамони саҳна
Ниҳоят азми қавии Ҷей натиҷаи дилхоҳ дод ва ӯ сеюмин аъзои гурӯҳи DBSK (Dong Bang Shin Ki) гардида, аввалин дебюташро бо тахаллуси Ёнун ДжэДжун (Young Woong Jaejoong) иҷро намуд. Дертар менеҷери гуруҳ барояш тахаллуси Хиро (Hero)-ро фикр карда баромад, бо умеди он ки Ҷей Хиро ё худ қаҳрамони мусиқии навини Куриё гардад. Вай хато накард, зеро Ҷей дар як муддати кӯтоҳ дар ҷаҳони мусиқӣ ба Хирои ҳақиқӣ табдил ёфт. Шуҳрати осмонӣ, пули зиёд, мухлисони сершумор дар як муддати кӯтоҳ зиндагии Ҷейро ба таври афсонавӣ дигаргун намуданд. Ӯ гумон дошт, ки акнун бо азобу дард абадан падруд мегӯяд, вале….
Шиносоӣ бо журналисти тоҷик
ва ифшои дарди ниҳонии Хиро
Ман, ки худ чанд сол инҷониб бо омӯхтани забон ва фарҳанги Куриё машғулам, бароям эҷодиёти Ким Ҷей Ҷонг хеле писанд буд. Чеҳраи зебо, аммо ғами ниҳонӣ дар чашмони Ҷей падидор маро водор месохт, ки бобати ин ҳунарманд маълумоти бештаре пайдо намоям. Дар сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ маълумотҳои зиёде дар борааш хондам, вале ҳеҷ гумон намекардам, ки замоне бо худи Ҷей суҳбат мекунам ва ин суҳбат маро водор месозад, ки аз касби худ шарм дорам. Муколамаи аввалини ман бо Ҷей даҳшатангез буд. Бо фаҳмидани он ки ман журналистам, Ким Ҷей Ҷонг ба даҳшат афтод. Ӯ зорӣ мекард, ки асрорашро ба касе нагӯям. Дӯстонаш дар алоҳидагӣ бо ман дар тамос шуда, гоҳ таҳдид ва гоҳ хоҳиш мекардан, ки он сирро ба касе накушоям. Ба даҳшат афтодам, ки чаро инҳо ба ман чун ваҳшӣ муносибат доранд. Билохира тоқатам тоқ шуду ба Ҷей гуфтам:
-Ё ба ман мефаҳмонед, ки ин ҷо чӣ гап аст, ё ман ҳамаи шуморо ба суд медиҳам.
Ҷей ниҳоят кафиду гуфт:
— Ман аз журналистон метарсам. Аз туҳмату буҳтони шумо хаста шудам. Мефаҳмед, хаста шудаам! Магар барои шумо марги дӯст ва бародари ман кам нест, ки мехоҳед бо теғи қалам маро ҳам кушед?!
Хонандаи азиз, ту тасаввур намекунӣ, ки барои ман шунидани ин суханҳо чӣ даҳшат буд…
Чаро ситораи № 1-и Куриё аз журналистон метарсад?
Ман ба чизе сарфаҳм намерафтам, вале билохира яке аз дӯстони Хиро адвокати машҳур Тэ Хо бо ман дар тамос шуда гуфт:
-Ман намедонам, дар давлати шумо чӣ гуна аст, аммо дар Куриё аз рӯи мақолаҳои бе факту далел ва туҳмату буҳтони журналистон аллакай чандин сарояндаю актёрони машҳур даст ба худкушӣ заданд, ки яке аз онҳо дӯсти наздики Ҷей буд. Ҷей низ чанд маротиба аз рӯйи навиштаҳои журналистон қасди ҷони худ намуд, вале ӯро боздоштем. Хафа нашавед, аммо мо воқеан бо шунидани он ки шумо журналистед, тарсидем, зеро нав нафаси осуда кашида будем. Ба шумо барои хомӯш нишастан пул лозим бошад, мо пардохт мекунем, фақат ягон сухани ноҷо нанависед!
Ин ҳарфҳо ба дили ман чун тир халид. Авввалин маротиба аз журналист буданам шарм доштам. Дигар натавонистам ба ин ҳама тоқат кунам ва Ҷейро ба музокира даъват намудам:
-Ман ба шумо се савол медиҳам, агар саволҳо писандатон ояд, шумо иҷоза медиҳед, ки дар бораатон нависам, агар не, ман аз журналистӣ ба тамом даст мекашам.
— Мебинем.
Ва ман ба ӯ се саволамро додаму ӯ ҷавоб дод, вале бо сабаби он ки мусоҳибаи мо бидуни иҷозаи агентӣ буд, ман ҳуқуқи чопи онро надорам. Баъди ин мусоҳиба Ҷей ҳайрон шуда гуфт:
— Фарангис, дар Тоҷикистон воқеан ҳам журналистон бидуни иҷозаи сароянда ё актёр ягон мусоҳибаро чоп намекунанд?
— Бале, охир дар ин бора қонуни махсуси матбуот дар тамоми олам вуҷуд дорад-ку!
-Шояд бошад, вале дар ин ҷо этикаи касбӣ танҳо дар рӯи қоғаз аст. Дар ин ҷо тоифаи махсуси «медиа шакал»-ҳое ҳастанд, ки ҳар қадами одамони машҳурро наззора карда, сабти видеоӣ ё аксбардорӣ намуда, дар интернет мепартоянд ва обрӯи моро ду пул мекунанд. Ҳар қадами мо дар зери назорат аст. Хеле душвор аст, чунин зиндагӣ кардан. Мехоҳем бо дӯстони наздикамон ба боғҳои истироҳатӣ равем, вале худо накарда яке аз дӯстонамон аз ҷинси латиф бо мо дар ягон акс афтад, ҳолаш табоҳ мешавад. Газетаҳо дарҳол саҳифа-саҳифа буҳтон менависанд, ки чанд сол боз бо ҳам муносибат доранд. Бо ҳамин ҳоли он духтари бечора табоҳ гашта, бадномзада мешавад. Аз ҳамин сабаб ман кӯшиш мекунам, ки аз чашми журналистон дур бошам.
— Аз ман ҳам???
-Ман мехоҳам ягон мусоҳибаи шуморо хонам.
Ман барояш чанд мусоҳибаамро тарҷума карда, равон намудам. Ҷей баъди хондани ҳар матлаб такрор мекард «Наход, ҳамин хел давлат ҳам бошад, ки журналист бидуни дахолат ба ҳаёти шахсии ҳунарманд матлаби ҷолиби диққат нависад ва ягон овозаро бе далел нанависад? Ман хобам ё ватани шумо биҳишт аст?»
-Барои исботи он ки Тоҷикистони мо дар ҳақиқат биҳишт аст, чанд видео ва аксҳоро аз Тоҷикистон ба Хиро фиристодам.Ситораи №1-и Куриё пас аз дидани он навору суратҳо гуфт:
— Воқеан ҳам зебост. Шояд дар оянда фикри бо дӯстон ба он ҷо барои истироҳат рафтанро кунем.
Ӯ хеле эҳтиёткор аст, зеро мехоҳад, ки дӯстонаш эмин бошанд. Вай намехоҳад, ки мисли драмаи «Пинокио» як сухани журналист ҳаёти чанд нафарро сӯзонад. Вақте гуфтам дар бораи шумо менависам, танҳо як сухан гуфт: «Умед дорам, ки килки шумо теғи қотил намешавад!
Аз овоза то ҳақиқат
Дар бораи Ҷей Ҷонг мақолаҳои дурусту нодуруст хеле зиёданд. Овозаҳои беасос, дасисаҳо… Аммо он матлабе, ки мо ин ҷо ҷамъ намудем, ҳамагӣ тасдиқ шудаанд:
Ҷей айни замон роҳбари JYJ (Номи гурӯҳ аз аввали номи аъзоёни он: Jaejoong/Yoochun/Junsu гирифта шудааст) мебошад. Муҷаррад аст. Марди тозаю озода буда, хонаашро мисли оина нигоҳ медорад. Ба иқрори дӯстонаш хеле шахси меҳрубон ва дӯсти боэътимод аст. Ҳамеша чун волонтер ба ҷойҳои аз офатҳои табиӣ зарардида рафта, ба осебдидагон кӯмак мекунад. Ду ҳафта пеш ба Херасимо, ки офати табиӣ чандин касонро бехонумон намуда буд, рафта бо ҳамроҳии дӯстонаш ба осебдидагон кӯмак намуда буд.
Дӯстони аз ҳама наздиктаринаш Тэ Хо ва Ким Хе Ҷун мебошанд. Ҳақиқатпараст аст. Инсонҳои ростқавлро дӯст медорад. Ба дурӯғ ва одамони дуруғгӯй нафрат дорад.
Сирри мардон пӯшида беҳ!
Бобати он асроре, ки ман ногаҳон фаҳмидам ва боиси шиносоию дӯстии мо шуд, сухун гуфта наметавонам. Аз шумо хонандагони азиз узри зиёд мехоҳам, зеро ҳуқуқи ифшои ин рози ниҳонии ситораи №1-и Куриёро надорам. Фақат ҳамин қадар мегӯям, ки Ҷей мисли ҳар кадом мову шумо пеш аз ҳама инсон аст ва ҳуқуқ ба хушбахтӣ дорад. Ӯ ҳуқуқ дорад, ки дӯст дорад ва дӯстдошта бошад. Овозаҳо дар боби он ки гӯё Хиро бо ин ё он ҳунарманди Куриёи муносибати ошиқона дорад, дурӯғи маҳзанд. Ҳамкасбони куриёии маро лозим аст, ки рисолати аслии журналист- созанда будан, на сӯзандаро фаромӯш насозанд. Ҳеҷ журналист ҳуқуқ надорад, ки ҳаёти шахсии каси дигарро ба «бозор» андохта, шӯҳратёр гардад. Рисолати журналист мисли муаллим тарбияи инсоният аст, на ба марг оварда расонидани шахсият.
Охирсухан
Бобати дӯстдухтар доштану надоштанаш наменависем, зеро ин ҳаёти худи ӯст ва ман бовар дорам, ки дар ояндаи наздик шоҳбонуи қалби Ҷей зоҳир мегардад. Дар сафари ба нақша гирифтаи банда ба Куриё аввалин ҳадяи ман ба шумо хонандаи азиз мусоҳибаи махсус бо ӯ хоҳад буд. Беҳуда нагуфтаанд: Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад…
Фарангиси Фармон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ