Кино ҳаст, кинотеатр нест!

Баъди эълони хусусигардонӣ масъулони шаҳри Панҷакент  аввал ба кинотеатрҳо часпиданд. Нахуст кинотеатри Рӯдакӣ, воқеъ дар маркази шаҳр «прихватизатсия» шуда, номаълум ба фурӯш рафт. Ҳоло ҳам маълум нест, ки онро кӣ хариду бо нархи гаронтар ба кӣ фурӯхт ва имрӯз бо кадом мақсад истифода мешавад. Кинотеатри дигарро дар кӯчаи собиқ Свердлов аз беназоратӣ ва бемасъулиятӣ бе ному нишон шуд.

  Сокинони Панҷакент кинотеатри зебою бошукӯҳи “Ватан”-ро низ хуб ёд доранд, ки солҳои шӯравӣ  80 ҷойи нишаст дошт. Имрӯз он гӯё ба мувозинати шуъбаи маориф гузаронида шудаасту чорабиниҳои маорифчиён дар ҳамин ҷо мегузаранд. Аз рӯи нақли шоҳидон, ин ҷо дастгоҳи намоиши кино мавҷуд асту аҳён-аҳён барои мактаббачаҳо филмҳои тоҷикӣ намоиш медиҳанд.

 Тақдири яке аз кинотеатрҳои калону муосири Панҷакент – кинотеатри «Октябр» низ норавшан боқӣ мондааст.  Ин бино бо қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 12.09.1999 таҳти № 192 ба мувозинати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида шудааст, ҳол он ки тибқи қонунҳои амалкунанда барои аз як мувозинат ба мувозинати дигар гузаронидани кинотеатрҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарур аст. Сардори шуъбаи идоракунии амволи давлатии шаҳри Панҷакент Муҳиддинов эрод гирифт, ки анҷом додани корҳои ободониро дар ин ҷо касе ҳуқуқ надорад, зеро бинои мазкур амволи ҳукумат асту он ба  иҷора  додаанд. Дар асл кинотеатри «Октябр» моли корхонаи фаръӣ-давлатии кино ва видеои шаҳри Панҷакент аст. Баъди таъмири хушсифат ин ҷо шароити намоиши филмҳои тоҷикӣ муҳайё хоҳад гашт.          Кинотеатри тобистонаи «Деваштич» низ дар маркази шаҳр ёдгории даврони шӯравист, ки имрӯз соҳиб надорад ва тамошобини он  барфу борон шудааст.

Замоне  дар шаҳр 5 кинотеатри зимистонаю тобистона ба мардум хизмат мерасониданд. Дар Панҷакент ҳоло зиёда аз 280 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Онҳо аз тамошои кино дар кинотеатр маҳруманд. Ё замони «Аз ҳамаи санъатҳо барои мо муҳимтаринаш кино»-и Ленин гузашт?

                                                                                     Ҷасури Суғд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *