Кишоварзӣ: Тағйирёбии иқлим ин мубориза барои зистан!
Дар Тоҷикистон тӯли як сол занҳо аз роҳбарӣ дар 3500 хоҷагиҳои деҳқонӣ даст кашиданд. Ҳанӯз соли 2007 13,4 фоизи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро занҳо ташкил дода, баъди Қарори ҳукумат оид ба ислоҳоти замин то ба 21,4 % баробар гардида буд.
Пас саволе ба миён меояд, ки чаро занон лаҷоми роҳбариро оҳиста ба дасти мардон месупоранд ва вазифаи коргари кирояро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ зери сардории ҷинси муқобил ихтиёр мекунанд?
АЗ БОҒБОНӢ БА ПАХТАЧИНӢ
Обида Зокирова, аз ноҳияи Айнӣ буда, баъди 30 соли фаъолият дар соҳаи боғпарварӣ, кори мавсимӣ-чинакчии пахтаро ихтиёр кард.
-Дар як шаб ниҳолҳои боғро сел бо худ бурд. Имрӯз аз он боғ ягон осоре нест,-нақлашро оғоз мекунад Обида.-Ҳар ҳафта сари майдони холӣ рафта, мегиристам. Тамоми маблағамро барои боғ сарф карда будам. Ин боғ мерос аз хусурам буд ва таърихи чандинсола дошт. Ман бори аввал чунин ҳаҷми бузурги фаромадани селро дидам. Ҳамон солҳо ҳатто захираи маҳсулот барои зимистонгузаронӣ надоштем. Ростӣ, дасту дилам аз замин хунук шуд. Аз баҳри боғбонӣ гузашта, ба пахтачинӣ гузаштам.
Солҳои охир ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел дар ҷойҳои аҳолинишини ноҳия зуд зуд ба амал омада, ҳатто дар фасли зимистон дар бунбасти коммуникатсионӣ мондани бархе аз деҳаҳои ноҳияи Айнӣ низ ба мушоҳида мерасад.
-Чунин офатҳои табиӣ зуд зуд рух медиҳанд, шояд осоре аз гармиҳои тобистони солҳои охир бошад, намедонам,-мегӯяд холаи Обида.
Мушоҳидаҳои Обида Зокироваро Абдувалӣ Ҳомидов сардори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд низ тасдиқ мекунад:
-Дар се соли охир ҳарорати ҳаво дар тобистон, дар муқоиса бо меъёри 30-40 сола ба дараҷаи критикӣ баромадааст.Инчунин миқдори боришот кам ва тибқи меъёр намерасад. Соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво дар худи стансияи метеорологӣ, ки дар соя ҷойгир аст ба 42-43 градус баробар шуда буд. Ҳарорати ҳаво дар хок зери офтоб, дар ҷойи кушод, дар минтақаи гармтарини ҷануби Тоҷикистон – Шаҳритус то 65 дараҷа мерасад. Мутаассифона, ин меъёр дар Тоҷикистони шимолӣ низ такрор мешавад.
Ту занак!
Такрор ёфтани меъёри гармии ҷануби Тоҷикистон дар шимоли кишвар Волидаро маҷбур кард, то аз роҳбарӣ дар хоҷагии деҳқонӣ даст кашида, заминро ба додарарӯсаш диҳад.
-Се соли охир ҳосили ғалладона торафт кам мешавад ва ин моро маҷбур кард, барои нон, орд ё гандум харем.Ҳол он, ки мо дар замин гандуми лалмӣ мекиштем ва барои оилаамон давоми сол орд басандагӣ мекард.Аммо шумо медонед, ки заминҳои лалмӣ ба борон ниёз доранд, вале мушоҳида мекунам, ки меъёри боришот сол то сол кам ба назар мерасад. Ҳамроҳи ҳамсарам 14 сол дар замин кор кардем. Пеш аз ба Русия рафтан, шавҳарам роҳбарии хоҷагиро ба дӯши ман гузоштанд. Алҳолроҳбарии заминро ба додарарӯсам додам, зеро «ту зан, ба замин сарфаҳм намеравӣ!»-гуфтанд дар оила. Ҳозир оилавӣ дар замин кор мекунем, вазъият ҳанӯз ҳам тағйир наёфтааст.Дар Айнӣ ҳосили картошкаро ҷамъ карда диданд, ки дар натиҷаи баланд будани дараҷаи гармии ҳаво пӯсидааст. Як кунҷашро мебуред боқимондаашро ба партов мепартоед, зеро хӯрда намешавад. Имсол умуман ҳосили тамоми навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба фикрам кам.Аксари хоҷагидорон бо қувваи оилавӣ ҳосилро ҷамъоварӣ карданд вазанони деҳа, ки чун коргари кироя дар саҳро кор мекарданд бекор монданд. Аз ин сабаб, шумораи занони хоҳишманд, барои чиниши пахта ба Зафаробод рафтан бисёр буд.
Ҳама ба пахта!
Таъсири тағйирёбии иқлим ҳатто Ҳадиса Ёрматова, роҳбари хоҷагии деҳқониро, ки худ ба парвариши пахта машғул аст, маҷбур кард то ба дигар хоҷагиҳои ҳамсоя ба чиниши пахта барояд. Ҳаҷми ҳосили пахта дар хоҷагии ӯ, ки дар деҳаи Пушкини Ҳамадонӣ, ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст, назар ба соли гузашта 50 фоиз коҳиш ёфт.
-Имсол мо хоҷагидорон сухтем. Аз як саҳм замин дар се чиниш ҳамагӣ 700 кило пахта гирифтам.Соли гузашта қариб 1 тоннаю 500 кило буд. Пахта ҳам кам, ҳам вазн надорад. Агар соли гузашта як пахта 7-8 чигит дошт, имсол танҳо 4-5 дона дорад. Соли 2017 дар як ниҳоли пахта 8-9 кӯрак дошт, имсол ҳамагӣ 3-4, дар баъзеаш умуман ба назар намерасад. Пахта имсол танҳо қади хушру дораду халос. Маҷбур ба чанд хоҷагиҳои деҳқонӣ ба чидани пахта баромадам, то барои зимистон орду равған захира намоям. Лекин вазъият дар ҳама ҷой якхел аст. Солҳое қабл ҳатто дар чиниши саввум то 100 кило пахта мечидам. Имсол то нисфирӯзӣ бо азобе 20 кило чидам.
Ҳадиса тӯли даҳ сол роҳбари хоҷагӣ буда, даромади асосии хонаводаашро киштукори замин ташкил медиҳад. Тӯли солҳое, ки ба кишти пахта машғул аст, аввалин маротиба бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешавад:
-Баъди вафоти шавҳарам аз соли 2007 то ин ҷониб, ба киштукори ҳам замин ва ҳам тарбияи фарзандон машғул ҳастам. Имсол маблағи аз фурӯши пахта ба дастомада танҳо хароҷотамро рӯйпӯш кард. Барои дохил кардани духтари калониам, ки ба гурӯҳи шартномавии донишгоҳ аз рӯи Маркази миллии тестӣ гузашта буд, имкони молӣ ҳам нашуд. Пештар аз кишти замин ҳатто чанд чорвои калони шохдор ҳам харида, хонаи нав низ бино карда будам.Имсол, асосан, аз ҳуҷуми ҳашаротҳои зараровар ба пахта зарба ба кисаи мо шуд. Чун аввал шакарак зад, то ҳол ҳаст, дуввум тортанак,ки ҳар куҷои пахтаро хушк мекунад, саввум болои гули пахта кирми сабз пайдо шуд ва кулоб гуфтанд, ки гулро шикоф мекунаду шираи онро менӯшад. Чор маротиба заҳрпору задам, лекин фоидаашро надидам.
Аз даврони шӯравӣ ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва ноҳияи ҳамшафати он Фархор макони ҳашаротҳои зараррасон буданд. Дар ҳамон давра, ки заҳрдоруҳо тариқи фонди Иттиҳодияи селхозхимияи ҷумҳурӣ тақсим мешуд, ба ин ду ноҳия заҳрхимикатҳоро дучанд медоданд ва ситоди ҷумҳуриявӣ дар ноҳия ҳар сол фаъолият мекард.
-Аз ҳисоби заҳрдону таъминоти давлатӣ надорем ва ин маҳсулотро аз бозор харидорӣ мекунем,-мегӯяд Маҳдӣ Орифзода сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳамадонӣ.-Дар ҳақиқат, имсол бино бо сабаби гарм омадани зимистону тирамоҳи соли гузашта ва аз меъёр зиёд гарм шудани ҳаво дар Ҳамадонӣ ҳашароти зараррасони кишоварзӣ аз меъёр даҳчанд зиёд гардид.Барои мисол аз 8 то 25 июли соли 2018 гармӣ дар ноҳия то ба 54 дараҷа расид. Соли гузашта ба ҳисоби миёна агар ҳосили пахта аз ҳар гектар замин 21,4 сентнерро ташкил кунад, ин нишондод имсол ба 16,6 ё худ 4,8 сентнер аз ҳар гектар замин кам гардид.
Ҳадиса Ёрматова солҳоеро низ ба хотир меорад, ки бе пошидани дору ба замин ҳосили хуб гирифта буд.
-Зимистон хунук сербарф шуда буд. Хокбориш танҳо як маротиба дар як сол ба назар мерасид.Баъди он ҳатман борон меборид ва ҳаво соф мешуд. Ҳамон сол ман аз як саҳм то 2 тонна гандум гирифта будам. Соли ҷорӣ бошад зимистон ба мисли баҳор шуд, умуман барф наборид, ки чунин ҳодисаро ман бори аввал дар деҳа дидам.Аз моҳи июн шамоли чанголуд мевазад ва то ҳол идома дорад. Албатта ин ҳама ба зироат бетаъсир намемонад. Ин тағйирёбии иқлим аст,-зикр мекунад Ҳадиса.-Пештар мо занони деҳа дар ин бора намедонистем. Фикр мекардем, ки ин доди Худо ва онро мо имкони ислоҳ кардан надорем. Вале ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» ба мо мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлимро омӯзониданд. Имрӯз он донишҳо барои коҳиш додани зарари тағйирёбии иқлим ба ман кӯмак мекунанд.
Ташкили марказҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии занон дар сатҳи ҷамоатҳо бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва занон» ба бонувон имкон дод, то ҳар мушкилоташон оид ба таъсири иқлим санад карда шуда, ҷомеаҳои занон эдвокасиро дар роҳи мутобиқшави ба иқлим ба занони деҳот ба роҳ монанд. Дар заминаи марказ натанҳо корҳои иттилоотию маърифатӣ, инчунин амалӣ низ ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷумла майдончаи санҷишӣ ташкил гардида, тухмиҳо пеш аз кишташон маҳз дар ҷо аз тадқиқот гузаронида мешуданд.Акнун танҳо тухмиҳои дар ин майдончаи амалӣ санҷидашударо Моҳикалон Малангова, сокини деҳаи Пушкин дар замини худ кишт мекард.
-Зеро тухмиҳои харидаи ман ҳосили хуб намедоданд. Дар ин майдончаи санҷишӣ мо бевосита медидем, ки чӣ гуна тухмӣ интихоб мешавад, усули кишт, парваришаш чӣ гуна аст.
Имрӯз ҷомеаи занони деҳаи Пушкини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз тағйирёбии иқлим азият мекашанд, садо баланд карда мегӯянд:
-Ба таври аномалӣ баланд шудани ҳарорати ҳаво зиндагонии аҳолии Тоҷикистонро зери хатар гузоштааст. Кишвари мо давлати аграрӣ буда, таъсири тағйирёбии иқлим ба сатҳи зиндагонии мо баръало ҳис мешавад. Давлатҳои азими саноатӣ ва ширкатҳои хориҷӣ, ки сарчашмаҳои асосии ихроҷи гази парникӣ ба табиат ба шумор мераванд, бояд нисбат ба онҳо таҳримҳо ҷорӣ гардида,барои мутобиқшавии мо ба тағйирёбии иқлим аз онҳо ҷубронпулӣ ситонида шавад.
Тоҷикистон оид ба ихроҷи гази парникӣ дар байни 200 кишварҳои ҷаҳон ҷойи 160-умро ишғол мекунад.Имрӯз бошад, тағйирёбии иқлим ба сокинонаш на ба мушкилот, балки ба воситаи мубориза барои зистан табдил ёфтааст.
Зебоҷон Қурбонова
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ