Киштӯдӣ “Яккасарой” рафту ҳуш аз сараш парид
Киштӯдӣ тарабхона рафт. Тарабхонаи оддӣ не, тарабхонаи дакаданги “Яккасарой”. Ӯро як дӯсташ, ки писарашро хонадор мекард, даъват намуда буд.
Тарабхона рашки сад арӯси нозанинро дошт. Ҳама оростаю пероста. Ба ҷои гулдухтарон гулписаракон хизматрасон буданд. Ҳаракатҳояшон ҳам кабки масти хиромонро мемонд. Ҳанӯз чашм аз тамошои манзараи тарабхона ҳаловат набурда, садои баланди карнаю сурнай пардаи гӯшҳои оромро ба ларза овард. Дунболи садои карнаю сурнай мошини навхонадорон пайдо шуд. Тӯй сар шуд. Зери овози дуҳул меҳмонон агар ҳарфе гуфтанӣ мешуданд, даҳон ба гӯши ҳамдигар гузошта, бо тамоми қувват дод мезаданд. Як нафар меҳмони шафати Киштӯдӣ аз ҷой боло шуд ва роҳбари тӯйро ба гӯшае бурда, хоҳиш кард, ки садои мусиқиро паст кунанд. Аммо хоҳиши ӯ азон дар гӯши хар хондан буд. Аз як гӯш даромаду аз гӯши дигар баромад. Садо баланд буд, баландтар шуд. Киштӯдӣ асрори онро баъдтар фаҳмид. Агар садои мусиқӣ паст шавад, фонограмма будан ошкор мегардад. Киштӯдӣ “бало ба пасаш” гуфту ба гӯшҳояш пахта тиқонд. Гӯшҳоро ку баст, аммо чашмҳоро чӣ?
Телефони Киштӯдӣ аз дасташ афтоду зери миз рафт. “Бисмиллоҳ” гуфта, хам шуд, ки телефонро гирад. Аммо, э вой, кош хам намешуду манзараи зери мизро намедид. Чирки он аз чирки ошхонаи лаби бозор монданӣ надошт. Кайфи Киштӯдӣ парид. Лаб газид. Чӣ ҳам карда метавонист!? Хестанӣ шуд, аммо андешаи “соҳиби дастархон наранҷад” ӯро аз раъяш боздошт. Бузургон аз сабр бурдаанд. Ӯ ҳам сабр ихтиёр намуд. Намурад ҳамин сабр, гӯшро ку баст, аммо чашмро чӣ тавр мебандӣ!?
Чашм дарёст, ҳар куҷо хоҳад, меравад. Дид, ки пешхизмат бушқоб (тарелка)-и хӯрокхӯрдаро бо салфетка тоза карда, назди меҳмонҳо мегузорад. Ҳуш аз сараш парид. Ин манзара аз нигоҳи меҳмонони масти шаробу рақс пинҳон мемонд. Нигоҳи Киштӯдӣ ба харбузаи дастархони пурнозу неъмат бархӯрд. Дилаш харбуза кашид. Аммо дар рӯи миз панҷа (вилка) наёфт. Бо имою ишораи зиёд пешхизматро наздаш хонд: “Буродар, як панҷа биёред!”. Аммо чашмаш чизеро пай бурд, ки аз думи пешхизмат канда нашуд. Пешхизмат амали бо бушқоб кардаашро такрор намуд. Қошуқи истифодашударо бо салфетка пок карду назди Киштӯдӣ овард. Киштӯдӣ “изои бандаи муъмин ҳаром” гуфту хоҳиш кард, ки қошуқи дигар орад.
— Мана, қошуқ овардам, боз чӣ мехоҳӣ?,- гуфт пешхизмат.
— Қошуқи бо салфетка тозакардагӣ не, қошуқи шустагӣ мехоҳам,- гуфт Киштӯдӣ.
Пешхизмат рӯй турш карду боз назди мизи кориаш рафт ва онро боз карда, қошуқе берун овард. “Бигир!”,- гуфт ӯ ба Киштӯдӣ.
Киштӯдӣ гирифту дасташ ба қошуқ часпид.
— О, ин ношуста, ширеш дорад,- гуфт.
Пешхизмат бо ситеза қошуқро аз дасти ӯ гирифт ва ҷониби ошхона рафт. Фурсате нагузашта бо қошуқи тоза пайдо шуд ва онро назди Киштӯдӣ гузошт. Табъи харбузахӯрии Киштӯдӣ аллакай парида буд.
Як вақт мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳофиз “Шаб ба хайр” мехонад. Берун баромад, пахтаи гӯшашро гирифт, нафаси тоза кашид. Ҳама ба гусели арӯсу домод баромаданд. Аммо мошин набуд. Соҳибони тӯй ба такудав афтоданд.
— Чаро мошини арӯсу домод нест?,- пурсид Киштӯдӣ.
— Хизматрасонии мошинҳои никоҳи “Яккасарой” то дарвозаи тарабхона будааст. Баъди анҷоми тӯй мошинҳояшон хизмат намерасонанд, пули иловагӣ супоридан лозим.
Ёбу гир!
Бечора соҳибтӯй аз куҷое мошин ёфту арӯсу домодро бор карда бурд.
Як нафар ба Киштӯдӣ наздик шуду пурсид:
— Ака, нархи хизматрасонии “Яккасарой” чанд пул?
Киштӯдӣ медонист, ки нархҳо дандоншикан, тахминан ҳам медонист, ки сари як кас чанд доллар меафтад. Аммо аз гуфтан худдорӣ кард, ки ҳуш аз сари пурсанда напарад.
Шояд Киштӯдӣ муҳри хомӯширо аз лабонаш меканаду аз нархи хизматрасонии дар фарш ва арзишҳои дар арши “Яккасарой” мегӯяд?
Хонанда чӣ мегӯяд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ