Китобҳои дарсии Эрон: як ҷангӣ шояд ҷойгузини Хайём шавад

Як ҷангии эронӣ, ки дар ҷангҳои Сурия кушта шуда буд, мумкин аст ба ҷойи Умари Хайём, шоири шаҳири форс ба китобҳои дарсии ин кишвар шомил шавад.

Мӯҳсин Ҳоҷӣ Мирзоӣ, вазири маорифи Эрон рӯзи 3 ноябр дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҳамшаҳрӣ” гуфтааст, ки ислоҳи китобҳои дарсӣ дар ин кишвар аз соли 2015 шурӯъ шуда ва бештари чеҳраҳои шинохтаи адабӣ аз китобҳои дарсӣ ихроҷ шудаанд.

Масалан, ба китобҳои дарсӣ чеҳрае чун Мӯҳсин Ҳоҷайӣ, ҷангии эронӣ илова шудааст, дар соли 2017 дар Сурия аз ҷониби гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дастгир ва сараш бурида шудааст.

Ҳоло ин ҷангӣ миёни мақомоти расмии Эрон аз маҳбубияти зиёде бархурдор буда ва ӯро қаҳрамоне меҳисобанд, ки ҳаёташро барои Эрон қурбон кардааст.

“Бояд аз Мӯҳсин Ҳоҷайии шаҳид қадрдонӣ шавад. Ӯ ҳатто аз Ҳофизу Саъдии Шерозӣ ҳам болотар аст”-гуфтааст вазири маорифи Эрон.

Ҳамчунин, аз китобҳои дарсии Эрон исми адибони маъруфе чун Содиқи Ҳидоят (муаллифи китоби “Буфи кӯр”), Маҳмуд Давлатободӣ, Муртазо Козимӣ (муаллифи китоби “Теҳрони махуф”), Муҳаммад Алӣ Ҷамолзодаи Исфаҳонӣ ва Аҳмади Шомлу хориҷ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *