Китоби адиби тоҷик дар “Рrodigy published, new edition” чоп шуд
Китоби адиби тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Амрикои Шимолӣ (СПСА) ва Аъзои Академияи Ҷаҳонии Шеър Ибодуллоҳи Солеҳ бо номи “Сад ғазал ва сад дубайтӣ” дар нашриёти байналмилалии “Рrodigy published, new edition” ба нашр расид.
Ибодуллоҳи Солеҳ моҳи июни соли ҷорӣ ба Конгреси 3-юми байналмиллалии нависандагон ва ҳунармандони Испано-Амрикоӣ даъват шуда, ҳамон ҷо ба узвияти Иттифоқи нависандагони Амрикои Шимолӣ пазируфта шуда буд. Осори ӯ то имрӯз ба забонҳои португалӣ, арабӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шуда, тариқи радиои “Садои Афғон”, “Океан-плюс” садо додаанд.
Ёдрас мешавем, ки бознашри осори адибони тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ бори аввал набуда, то имрӯз асарҳои нависанда Гулсифат Шаҳидӣ бо номи “Фарҳод аз Навгилем”, “Афсонаҳои Гулсифат-Бибиҷон” низ тарҷума ва нашр шудаанд.
Амони МУҲАММАД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ