Китоби навбатии Далер Абдулло нашр шуд
Чанде пеш монографияи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло бо номи “Пешвои миллат ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ”дар нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат чоп шуд. Он аз лиҳозу мазмуну муҳтаво бениҳоят фарогир ва хеле муҳиму саривақтӣ буда, муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, то пажӯҳиши мазкур дар сатҳи хубу сифати баланд ба анҷом расад.
Далер Абдулло ба он назар аст, ки дунёи муосир марҳилаеро айни замон пушти сар менамояд, ки арзишҳои як замон босуботу маънидор акнун мақому мартабаи аввалаашонро босуръат аз даст медиҳанд ва фурсати хеле кӯтоҳу таъхирнопазир барои эҷоди арзишҳои нав дар ихтиёри инсоният мемонад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо нақши шахсиятҳои таърихие, ки чунин равандҳоро таҳти таъсири малакаю қобилияти баланди мудирияти иҷтимоию сиёсии худ қарор дода тавонанд, бамаротиб боло меравад.
Аз ин рӯ, мақоми чунин шахсиятҳоро инсоният дар саҳифаҳои таърихии хеш бо унвонҳои гуногуни рамзӣ машрӯъияти иҷтимоӣ бахшидааст ва бо ҳамин арзи эҳтироми худро ба хизматҳои онҳо баён намудаанд. Агар аз ин дидгоҳ ба тасмими ҷомеа нисбат ба эътирофи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат мутаваҷҷеҳ шавем, мебинем, ки он аз эҳтироми мардуми мо ба ин шахсияти бузург бо назардошти хизматҳои арзишманд дар таъмини ҳифзи истиқлолияту якпорчагии ин сарзамин, эҷоди фазои сулҳу амният, муаррифии чеҳраи тамаддунофари тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, рушди гуногунҷанбаи мамлакатамон ва ғайра сарчашма мегирад.
-Агар мақсади таъсиси ниҳоди Пешвои миллат расмияти ҳуқуқӣ бахшидан ба воқеият бошад, пас воқеияти 33 соли охири мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон исботи он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари хирадманду дурандеш, дар паи саодати мардум собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, раҳнамои фардои зиндагии шоиста ва ба таври хулоса — Пешвои воқеии миллат кайҳо эътироф шудаанд ва иқдоми мазкур ҳамин ҷойгоҳи табиӣ ва рисолати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи сафҳаи қонун дарҷ намудааст,-таъкид намудааст Далер Абдулло.
Ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиқлолиро таҳлил намуда, муаллиф, аз ҷумла хотиррасон намудааст, ки солҳои 1990-1992 президентҳои интихобгардида зери фишору таҳдидҳои гурӯҳҳои мусаллаҳу ифротӣ истодагарӣ карда натавониста, идоракунии давлатро аз даст доданд. Ин беҳокимиятӣ Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар ва гуреза шудани зиёда аз як миллион сокини кишвар гардид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фаъолият бозмонда, мардуми бегуноҳ ва бисёр арбобони давлатию ҷамъиятӣ қурбони террористон гардида, садҳо бинову иморат ва манзилҳои истиқоматӣ несту нобуд карда шуданд.
Ба андешаи Далер Абдулло, барои ба маънои том Пешвои миллат эътироф гардидан сифатҳои дигари шахсӣ низ афзалият доранд, ки онҳоро ҳеҷ санад қодир нест, ки танзим намояд. Яке аз онҳо ҷасорати шахсӣ аст, ки дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ баръало буд. Суханони «Баҳри истиқрори сулҳ ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам»-ро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд. Дар солҳои минбаъда низ борҳо исбот карданд, ки қавлу амали ин Абармард як аст.
Мақсади таҳқиқоти мазкур муайян ва асоснок намудани заминаҳои сиёсии ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Дар ин зимн таҳлилу баррасии мазмун, моҳият ва хусусияти илмию назариявии масъалаи истиқлоли давлатӣ ва асоснок намудани мавқеъ ва ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба он, муайян ва асоснок намудани заминаҳои таърихию сиёсӣ ва консептуалии омӯзиши нақши сарвари сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ, таҳлил ва ошкор намудани заминаҳои таърихию сиёсӣ ва василаҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани нақши сарвари сиёсӣ дар бартараф намудани низои шаҳрвандӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон, асоснок намудани мақом ва нақши ниҳоди президентӣ дар пойдор гардидани истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таҳлили махсусияти ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ва тақвияти эътимоди ҷомеа ба он ҳамчун омили таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мадди назар буд.
Асосҳои назариявии таҳқиқотро осори илмӣ ва таҳқиқоти олимони барҷастаи гузашта ва имрӯза, сиёсатмадорони сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ташкил медиҳанд, ки заминаи устувори таҳқиқи масъалаи истиқлоли давлатӣ ва нақши шахсият дар таҳкиму ҳифзи онҳоро гузоштаанд. Ҳамчунин, дар раванди таҳқиқи мавзуъ асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, доираи васеи сарчашмаҳо, ҳуҷҷатҳои расмӣ ва маводи омории мақомоти гуногуни давлатӣ истифода шудаанд.
Ҳангоми пажӯҳиш бештар аз методҳои илмҳои сиёсӣ, махсусан таҳлилӣ, таърихӣ, тарҳрезии сиёсӣ, системанокӣ, муқоисавӣ ва ояндабинӣ, истифода гардид.
Тавассути истифодаи методи таҳлилӣ раванди ташаккул ва таҳкими истиқлоли давлатӣ, инчунин, ташаккули ниҳоди сарварӣ, аз ҷумла ниҳоди Пешвои миллат, ҳаматарафа баррасӣ гардида, хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд.
Методи таърихӣ дар таҳқиқот имкон додааст, то масири соҳиб шудан ба соҳибистиқлолӣ ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор гирифта, хусусиятҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар раванди давлатсозии навин асоснок карда шавад.
Истифодаи методи тарҳрезии сиёсӣ шароит фароҳам намудааст, ки хусусияти равандҳои сиёсӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян карда шаванд.
Дар асоси истифодаи методи системанокӣ раванди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва ташаккули ниҳоди сарварии сиёсии муосир дар Тоҷикистон зина ба зина мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт.
Ба шарофати методи муқоисавӣ заминаҳои таърихию сиёсии ташаккули ниҳоди Пешвои миллат асоснок карда шуда, таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифт.
Методи ояндабинӣ дар муайян намудани дурнамои рушди ниҳоди сарварӣ ва нақши он дар таҳкими истиқлоли давлатию ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити нави ҷаҳонӣ мусоидат намудааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои дар таҳқиқоти мазкур гузошташуда зарурати истифодаи муносибати байнифанниро муайян намуданд, ки бо кумаки он таҳқиқи нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли давлатии тоҷикон дар маҷмӯъ бо истифодаи усулҳое имконпазир гардид, ки дар сиёсатшиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, хусусан ҳуқуқи конститутсионӣ ва давлатӣ, ба кор бурда мешаванд.
Навгониҳои илмии таҳқиқотро метавон ба таври зайл ифода намуд:
— мазмун, моҳият ва хусусиятҳои илмию назариявии масъалаи истиқлоли давлатӣ таҳлилу муайян гардида, мавқеъ ва ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба он асоснок карда шуданд;
— заминаҳои таърихию сиёсӣ ва консептуалии нақши сарвари сиёсӣ дар таҳкими давлатдорӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд;
— моҳияти заминаҳои таърихию сиёсӣ ва василаҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва асоснок карда шуданд;
— саҳми Иҷлосияи тақдирсозе, ки дар Қасри Арбоб доир гардид, дар ташаккули ниҳоди нави сарварӣ муайян карда шуда, мақом ва нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани низои шаҳрвандӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон асоснок шуд;
— раванди ташаккул ва нақши ниҳоди Президентӣ дар пойдор гардидани истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол муайян гардид;
— хусусияти ташаккули ниҳоди Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави сиёсию ҳуқуқӣ омӯхта шуда, омилҳои тақвияти эътимоди ҷомеа ба он ҳамчун омили таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ таҳлил ва асоснок карда шуданд.
Муҳимияти масъалаи таҳқиқшавандаро, инчунин, бо он асоснок намудан мумкин аст, ки дар байни масъалаҳои мубрами назария ва амалияи сиёсатшиносии муосир ба даст овардан ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мақоми меҳварӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши омилҳои иҷтимоию сиёсии пайдоиш, марҳилаҳои асосии таърихӣ, муайян намудани раванди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ин ё он халқу миллат на танҳо аҳамияти бузурги илмию назариявӣ, балки амалӣ низ касб кардааст.
Таҳқиқи раванди мазкур тақозо менамояд, ки нақши шахсияти таърихӣ ва сарвари сиёсӣ дар ин масири созандагиҳо ҳамаҷониба омӯхта шавад. Омӯзиш на ба хотири парастиши шахсият, балки ба хотири муайян намудани хусусияти сарварӣ, малакаи идора намудани ҷомеа дар шароити гуногуни таърихию сиёсӣ, роҳҳои бартараф намудани мушкилиҳо, василаҳои амалӣ намудани идоракунии давлат, истифодаи технологияҳои гуногуни рафъи зиддияту ихтилоф дар ҷомеа, дарёфти механизмҳои ташкили ҳамкориҳои самарабахш, қобилияти дарки мушкилиҳои пайдошаванда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ хосияти сирф илмӣ дорад. Ин ҷанба мубрамияти омӯзиши мавзуъро боло бурдааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло Далер Абдулло хулоса намудааст, ки муайян намудани нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таҳлили ҷанбаҳои сиёсии масъала дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ, аз байн рафтани низоми давлатдориҳои гуногун аҳамияти рӯзафзун касб намудааст.
Дар маҷмуъ, монографияи мазкур шаҳодати касбият, гувоҳи садоқат ва баёнгари ҷасорати журналист, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло буда, бо назардошти моҳият ба тамоми қишрҳои ҷомеа пешниҳод мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ