Китоби навбатии президент аз чоп баромад

Китоби нави президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз чоп баромад. Тавре расонаҳои давлатии ин кишвар 18 декабр хабар доданд, китоби нав ҷилди 11-уми асари «Ба қуллаҳои нави пешрафт»-и Бердимуҳаммадов мебошад.

«Қуллаҳои нави пешрафт» бо забонҳои туркманӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, дар он баромадҳо, суханрониҳо, матлабҳо, суҳбатҳо ва паёмҳои президенти Туркманистон дар соли 2017 ҷамъоварӣ гаштаанд.

«Ҳамчунин ба ислоҳоти қонунгузорӣ ва конститутсионӣ дар Туркманистон таваҷҷуҳи бештар шудааст, ки дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо ҳадафи қонунан таъмин кардани пешрафти ин кишвар ба шукуфоии ҳамаҷониба сурат гирифтааст», — менависад хабаргузории расмии ТДХ.

«Дар китоб муҳимтарин ҳодисаи соли 2017 интихоботи ахири президентии Туркманистон бо пирӯзии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов — бори севум интихоб шудани ӯ ба мақоми олии давлатӣ номида шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми туркман самти сиёсати давлатии пешгирифтаи раҳбари кишварро ҷонибдорӣ мекунанд», — афзудааст манбаъ.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пас аз сари қудрат омадан дар соли 2006 муаллифи даҳҳо китоб шудааст. Нашриётиҳои давлатии Туркманистон тайи 11 соли ахир ҳудуди 50 асари Бердимуҳаммадовро бо забонҳои туркманӣ чоп кардаанд. Танҳо дар соли 2017 чанд асари Бердимуҳаммадов дар мавзуъҳои гуногун нашр шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *