Китоби навбатии рӯзноманигор ва ҳаҷвнавис Холиқназар Ҷумъазода ба чоп расид

Китоби навбатии рӯзноманигор, адиби ҳаҷвнавис ва муаллифи доимии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Холиқназар Ҷумъазода бо номи «Хандасарой» аз чоп баромад. Муҳаррири китоб рӯзноманигори хушсалиқа Фазлиддин Асозода буда, рассоми ҷавону умебахш Назарзода Насиба Зариф ба он рангу ҷилои тоза бахшидааст.

Китоби муаллиф аз 2 боб иборат аст. Дар боби якум латифаву шӯхиҳои нависанда ҷой карда шудаанд ва қисми дуюми онро хотираҳои шӯх аз пирони зодгоҳ ва ашхоси гуногун гирд оварда шудаанд.

Тамоми ҳикоёти хурди ҳаҷвии китоб аз воқеоти рӯзгор гирифта шуда, аз мушоҳидаву бардоштҳои муаллиф, аз дидаву шунидаҳояш, аз суҳбату маҳфилҳои гуногун аз рӯзгори деҳотиёни хушфеълу зарофатгӯй, аз мулоқотҳо бо дӯстону хешону пайвандон ва ҳампешагон, аз устодон ва рухдодҳои ҳамарӯзаи зиндагӣ ҳикоят мекунанд.

Ба китоб нависандаи соҳибзавқ Абурауф Муродӣ пешгуфтор навишта, онро “Ба лафзи андаку маънии бисёр” унвон кардааст.

Абдурауф Муродӣ менависад: “Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо як зумра адибони хушқаламу соҳибзавқ анъанаи ҳаҷвнигорони пешинро бо камоли масъулият идома мебахшанд, ки яке аз онҳо нависандаи хушсалиқаю соҳибназар Холиқназар Ҷумъазода аст. Бо навиштаҳои танзбори ӯ солҳо боз хонандагони тоҷик шиносоӣ доранд. Ҳикояҳои ҳаҷвии ин қаламкаши завқманд дар нашрияҳои гуногуни кишвар пайваста рӯи сафҳа меоянд ва низ чанд китоби ҳаҷвияш, аз ҷумла, китоби «»Биё, ки  фолат бинам» пешкаши хонандагон гардидааст. Ҳамакнун аҳли мутолиа китоби нави адибро рӯйи даст доранд, ки «Хандасарой» ном гирифтааст ва воқеан, номаш бо муҳтавояш созгор омада”.

Силсилае аз нигоштаҳои нависандаро лутфу ҳозирҷавобии дӯстон ва шахсиятҳои маъруф, хушгӯиҳои одамони шӯху ҳозирҷавоб, муносибати ҷолиби устоду шогирд… ташкил медиҳанд, ки мутолиаи онҳо ба хонанда як ҷаҳон фароғат мебахшад.

Ёдрас менамоем, ки Холиқназар Ҷумъазода муаллифи китобҳои «Парандаҳои муҳоҷир»  (соли 2013), «Биё, ки фолат бинам» (2021) ва «Ашкҳои зери борон» (2022) мебошад. Соли 2021 китоби ҳаҷвии «Биё, ки фолат бинам» дар озмуни «Китоби сол» аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби сол эълон шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *