Китоби навбатии Рудобаи Мукаррам чоп шуд
Маҷмӯаи нави Рудобаи Мукаррам таҳти унвони “Табассуми ишқ” ба дасти хонанда расид. Ин китоб зери таҳрири Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар нашриёти «Эр-граф» чоп шудааст.
Дар муаррифии китоб гуфта мешавад, ки «Нигоҳи тоза, сабки хосса, забону баёни равон ва мазмуну муҳтавои ҷолиби шеърҳо ба маҷмӯаи мазкур арзиши баланд мебахшад».
Ёдрас мешавем, ки Рудобаи Мукаррам дар деҳаи Сардеми ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст.Соли 1996 мактаби миёнаи рақами 45 –и деҳаашро бо гувоҳномаи аъло хатм намудааст. Соли 2001 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси филолог- омузгор бо комёбӣ ба итмом расонд.
Фаъолияти нахустини ӯ ба ҳайси Котиби иттилоотии дастгоҳи раиси ноҳия Шуғнон аз соли 2001 оғоз гардида, то соли 2006 дар ин вазифа кору фаъолият намуд.
Солҳои 2006-2011 дар вазифаи мудири шуъбаи иҷтимоии дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон кор кардааст. Соли 2011 бо даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид. Аз соли 2020 инҷониб роҳбарии ин созмони ҷамъиятиро ба зимма дорад.
Рудобаи Мукаррам муаллифи китобҳои «Афсонаи ишқ», «Дуруди ошно», «Замзамаи равони руд», «Гулреза» ва «Гулвожаи баҳор» мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ