Китоби нави Сангин Гулов дар АМИТ рӯнамоӣ шуд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик”- и мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов рӯнамоӣ шуд.

Дар рӯнамоӣ олимону муҳаққиқон ва журналистон иштирок доштанд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни суханронӣ нахуст ҳозиринро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт.
Ӯ таъкид дошт, ки бо баракати Истиқлоли давлатӣ ҳамасола дар кишварамон рӯзи 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба нашри шумораи аввалини рӯзномаи “Бухорои шариф” рост меояд, ки он  нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Осиёи Миёна буд.

“Ин танҳо ҷашни матбуотчиён нест, балки ҷашни ҳама аҳли ҷомеа мебошад. Таҷлили ин ҷашн як навъ эҳтиром ба аҳли қаламу сухан, ба аҳли фарҳангу адаб аст. Ин ҷашн бузургдошти хотира ва ёдоварии хизматҳои мондагору таърихии ҳама рӯзноманигорони ҷумҳурӣ мебошад. Зеро рӯзноманигорон сарбозони роҳи худшиносии миллат, солноманависи таърихи миллат ҳастанд”,-иброз дошт Хушвахтзода Қобилҷон.

Сипас, китоби дотсент Сангин Гулов,  устоди Донишгоҳи миллӣ, ки 33 сол боз ба таълиму тарбияи рӯзноманигорони оянда машғул аст, бо номи “Истиқлолият ва журналистикаи тоҷик” рӯнамоӣ шуд.
Ин китоб, ки маҷмуи мақолаҳо буда, аз 2 қисм иборат аст. Қисми аввал мақолаҳои солҳои охир навиштаи муаллифро дар бар гирифта, дар онҳо роҷеъ ба таҳаввули журналистикаи тоҷик дар замони муосир, фаъолияти расонаҳо дар пасманзари сиёсати  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, нақши ВАО дар муборизаҳои иттилотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ сухан меравад.

Дар қисми дуввум муаллиф рӯйхати ҳама рисолаҳои илмии дар самти журналистика дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳимояшударо ҷой додааст, ки теъдоди онҳо беш аз 100 адад мебошанд. Ин бахш дар шароити имрӯза барои муаррифии мактабҳои илмии журналистика, мубрамиву такрор нашудани мавзуъҳои илмии таҳқиқшаванда мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки маҷмуаи барои омӯзгорону муҳаққиқони соҳаи журналистика пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image