Китоби пурарзиш дар шинохти Маҳастии Хуҷандӣ
Китоби адабиётшиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» пажӯҳишу нақди зиндагӣ ва осори шоираи бузурги тоҷикон ва форсизабонон Маҳастии Хуҷандӣ таълиф ва дастраси хонандагон гашт.
Китоб дар нашриёти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд бо теъдоди ҳазор нусха, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии нашри китоб, бо ду хат-сириллик ва форсӣ ба табъ расидааст. «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» нашри дувум аст ва бо иловаву таҳрири муаллиф пешкаши хонандагон гаштааст. Китоби аввал аз силсилаи Хубони порсигӯст, ки бо унвони “Шамъи Тироз” (Нигоҳ ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ) соли 2001 нашр шудааст.Китоб ҳосили заҳмату ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши чандинсолаи муаллиф дар заминаи аҳвол ва осори Маҳастии Хуҷандӣ буда, адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус бо ба кор гирифтани манбаъҳои мухталиф оид ба Маҳастӣ арзиши илмии нашри дувуми китобро боз ҳам баландтар намудааст ва чуноне худи муаллиф иброз медорад “аз нашри китоби аввал 20 сол сипарӣ шуда, чандин маводи тоза дастрас гардид ва имкон фароҳам омад, ки китоби мазкур бо таҳриру такмил ва иловаҳо ба ҳаводорони ашъори Маҳастӣ пешниҳод шавад”(7). Рисола фарогири ду бахш аст ва бахши аввал дар се боб роҷеъ ба рӯзгору осори Маҳастӣ маълумот медиҳад. Дар боби аввали бахши аввал, ки “Маҳастӣ ва маҳастишиносӣ” унвон дорад, муаллиф бо сайри таърихии маҳастишиносӣ ва таҳаввули он дар мавриди зикри исми Маҳастӣ дар сарчашмаҳои форсӣ, дастовардҳои маҳастишиносон дар садаи ХХ ва ибтидои садаи ХХI пажӯҳишоти ҷолибе анҷом додааст.Дар ин бахш ҷустуҷӯҳо дар Эрон, саҳми олимони тоҷик дар таҳқиқи ҷараёни зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ, маҳастишиносӣ дар Озарбойҷон, дастранҷи донишмандони ғарб, маҳастишиносӣ дар кишварҳои дигари ҷаҳон таҳқиқ ва таҳлил шудаанд. Ковишҳои судманди адабиётшинос ба виҷа дар бозгӯи саҳми олимони тоҷик дар таҳқиқи ҷараёни зиндагӣ ва ашъори Маҳастӣ шоистаи тазаккур аст.
Муаллиф қайд мекунад, ки дар баробари пажӯҳишоти бисёр муфиди олимони тоҷик ҳанӯз ба хусусиятҳои сабки фардӣ ва пайвандҳои ҳунарии шоира бо шуарои дигар кам таваҷҷуҳ шудааст. Мутолиаи осори ин бахш дар шинохти масъалаҳои умдаи омӯзиши аҳвол ва осори шоир аз дидгоҳи муҳаққиқони тоҷику эрон, озарӣ ва дигарон кӯмак менамояд.Иттилоъ ва пажӯҳишҳо собит месозанд, ки барои муаррифии шоири ширинкалом Маҳастии Хуҷандӣ корҳои қобили таваҷҷуҳ ба анҷом расидаанд. Натиҷаҳо аз баъзе баҳсҳо дар мавриди зодгоҳ ва ҷои истиқомати Маҳастӣ, давраи зиндагонии Маҳастӣ, ном ва тахаллуси шоира дар ҳамин қисмати китоб бозгӯ шудаанд. Воқеан, чуноне ки худи муаллиф дар муқаддимаи китоб зикр менамояд, натиҷагирӣ аз омӯзиши баҳсҳои мавҷуда ва хулосабарориҳо дар заминаи пажӯҳишоти рӯзгори Маҳастӣ кори саҳл нест, зеро “ҳақиқати зиндагии Маҳастӣ бо афсонаву ривоятҳо ончунон омезиш ёфтааст, ки имрӯз гумон аст, кашфи воқеии он имконпазир бошад”(6).Дар боби дувум роҷеъ ба мероси адабии Маҳастӣ, хусусиятҳои сабки шоир ва бархурди ӯ бо шоирони дигар ба доираи таҳқиқи муаллиф кашида шудаанд ва аз пуробурангтарин ва хушхонтарин фасли китоби мавриди назар аст. Пайвандҳои ҳунарии рубоиёти Маҳастӣ бо адибони дигар, амсоли Хайём, Хатиби Ганҷавӣ, Адиб Собири Тирмизӣ хеле ҷолиб, бо далоили хуби илмӣ бозгӯ шудаанд.
Масалан, пайванди Хайём ва Маҳастиро муаллиф ба ин гуна мушаххас мекунад, ки миёни афкори бадеии Маҳастию Хайём бархурди зиёде ба назар мерасад. Тафовути асосии ашъори ин ду бошад дар он аст, ки “Маҳастӣ бештар аз ҳоли як нафари мушаххас сухан рондааст.Дар рубоиёти Хайём бошад, ҳолати табиат ва вазъи фалаку ҷомеа дар маҷмӯъ ва бо густурдагии бештар ба қалам омадааст(95). Тараннуми табиат ва инсон дар рубоиёти Маҳастӣ ситоиш ва мазаммати ашхос аз нигоҳи шоир низ ба натиҷагириҳои мушаххас, ки “қалами шоир гоҳе дар ситоиш ва гоҳе дар накӯҳиши ашхос низ корхӯрда гашта, таҷоруб ва танзгӯии Маҳастиро такмил додааст”, пешниҳоди хонанда шудааст. Чунончӣ муаллиф мегӯяд:“ шоир касонро, ки бо шуҳрати худ менозанд ва дигаронро дар хорӣ медоранд, аз бозиҳои фалак ҳушдор медиҳад: Бо хасми манат ҳамеша дамсозиҳост, Бо мо суханат зи рӯи таннозиҳост. Аз иззи худу зиллати ман беш маноз, К-андар паси пардаи фалак бозиҳост (108). Муаллиф ба натиҷа мерасад, ки дар ашъори Маҳастӣ рубоиёти ҳаммазмун кам ба назар мерасанд. Аксар маъниҳо ғайриинтизор ва тозаанд. Ҳамзамон. муаллиф ба тасвирсозӣ ва маънипардозии Маҳастӣ баҳои баланд дода, аз лиҳози сабку ҷавҳари шеърӣ, баёни матлабу истифодаи санъати бадеӣ рубоиёти ӯро мӯшикофона нақду баррасӣ месозад.Баррасии рубоиёти Маҳастӣ дар қолаби арӯз низ бо диду нигоҳи нав ва натиҷагириҳои мушаххас сурат гирифта, ошноӣ бо вазни рубоиҳои Маҳастӣ муаллифро ба хулосаҳои зерин меорад: 1. Рубоиёти шоира дар анвои гуногуни баҳри ҳазаҷи ахраб ё ахрам гуфта шудаанд. Дар онҳо якнавохтӣ ба назар намерасад, як рубоӣ аз рубоии дигар аз лиҳози вазн тафовут дорад. 2. Аксари кулли рубоиёти Маҳастӣ бо рукни ахраб оғоз меёбад. Рукни ахрам камистифода аст. Муаллиф дар қисмати “Ҳунари шоирии Маҳастӣ” қайд мекунад, ки содагиву самимият ва бепироягии сабки хуросонӣ бо тасвирҳои хеле ҷозиб ва маҷозии ироқӣ махлут шуда, ашъори пуробуранг ва гаронмоя овардааст(118). Бозгӯи истифодаи ҳунармандонаи санъатҳои бадеӣ дар рубоиёти Маҳастӣ бо овардани намунаҳои ҷолиби ашъори шоира қобили зикр аст.Муаррифии симои бадеии Маҳастӣ дар осори адибони гузашта ва муосир, ки дар қиссаву ҳикоёт, маснавию ғазал ва повесту романҳо ба тасвир кашида шудааст, аз виҷагиҳои дигари китоб аст, ки дар боби савум баҳсу баррасӣ шудааст.
Муаллиф пажӯҳиши хешро дар ин самт ба дар ду даста гурӯҳбандӣ намуда, симои Маҳастиро дар назм ва наср ба хонанда ошно мекунад. Дар бахши дувуми китоб мероси адабии Маҳастӣ пешниҳод шудааст. Нуктаи қобили таъкид он аст, ки муаллиф дар оғози бахши дувуми китоби ҳозир сарчашмаҳои пешниҳодшудаи ашъори Маҳастиро меорад ва хушоянд он аст, ки тартиби сарчашмаҳо аз рӯи муодили рақамӣ бо тариқи хронологӣ оварда шудааст.Муаллиф аз бисту шаш сарчашма истифода намудааст, ки қадимтарини он “Ал-мӯҷам фӣ маоир-ул ашъор ул- аҷам(пас аз соли 630 ҳиҷрии қамарӣ/1233 милодӣ), Маҷмӯаи хаттии китобхонаи Исмоилпошшои Туркия, соли 681 ҳиҷрии қамарӣ/1282 милодӣ, Достони Амир Аҳмад ва Маҳастӣ, қарни 7 ҳиҷрии қамарӣ/13 мелодӣ, Таърихи Вассоф,716 ҳиҷрӣ/1316 милодӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар танзими матни бахши аввал интиқоли рубоиёт аз қадимтарин сарчашма бо ишора ба рақами римии он шурӯъ мешавад.Ҳангоми шарҳу тавзеҳ дар поварақи китоб низ бо рақами римӣ ишора мешавад, ки дарки тавзеҳҳои муаллифро барои хонанда осон месозад. Дар фасли дигари бахши дувум “Шаҳрошӯб”-и Маҳастӣ фароҳам омада, сипас рубоиёти шоира, ки аз маҷмӯаҳои гуногун интиқол шудаанд ва маохизашон ҳанӯз муайяну мушаххас нашудааст ва як қисмашон, бино ба хулосаҳои муаллифи китоб ба назар машкук ҳастанд, ҷой дода шудаанд.Дар интиҳои бахши дувуми китоби ҳозир ашъори Маҳастӣ дар қолабҳои ғайрирубоӣ оварда шудаанд. Метавон гуфт, бахши дувуми китоб ҳосили ҷустуҷӯ ва талоши муҳаққиқ бо истифода аз даҳҳо сарчашмаи муътамади хаттиву чопӣ аст ва ашъори шоира бори аввал дар шаклу низоми хос ва бо зикри манобеъ ба сурати хронологӣ ба хонандагон пешниҳод шудааст.
Аз замимаҳои пешниҳодшуда дар поёни китоб низ бояд гуфт, ки хеле бамаврид аст. Чунончӣ пешниҳоди замимаи дувум, мақолаи Мираббос Боғиров аз “Роҳбари дониш” таҳти унвони “Маҳастӣ аз Хуҷанд буд ё Ганҷа?”. Воқеан, Маҳастӣ аз бузургтарин рубоисароён дар адабиёти тоҷик аст, ки бо ашъори хубу мондагор ва ҳунармандонааш мақоми хос дорад. Шеъраш таҷассумгари ишқу зебоӣ, шӯхтабъиву раъноӣ, садоқату рафоқат ва саршор аз нишоту шодмонист. Чуноне Матлубаи Мирзоюнус қайд мекунад, “Шаҳрошӯбҳо”-и Маҳастиро низ метавон дар радифи пешравони ин навъи шеъри форсии тоҷикӣ гузошт, аммо, мутаассифона, ончунон ки шоиставу дар таърихи адабиёт муаррифӣ нашудааст.
Итминон дорем, ки нашри китоби мазкур дар шинохти рӯзгору осори Маҳастии Хуҷандӣ қадами устувору мондагорест дар роҳи шинохти ҳунар ва истеъдоди ин фарзанди фарзонаи миллат. Бешак, “Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ” дар муаррифии мукаммал ва муайян намудани ҷойгоҳи ин бонуи адабу ҳунар иқдоми ҷиддӣ ва шоистаи таҳсин аст. Муҳимтарин матлабҳое, ки ниёз ба тавзеҳ ва тасҳеҳ доштаанд, аз ҷониби муаллифи китоб баррасӣ шудааст. Шарҳҳои хеле ҷолиб, баҳсҳои илмӣ, хулосаву натиҷагириҳо хеле мӯътамад ҳастанд ва муҳимтар аз ҳама натиҷагирии муаллиф зимни муқоисот арзиши баланди илмӣ доранд.Дар ин замина бардоштҳои олим дар мавриди шинохти зиндагӣ ва осори Маҳастии Хуҷандӣ сутуданист.
Ин китоб бо муҳтавои пурбор, маълумоти нав роҷеъ ба зиндагиву осори Маҳастӣ, санаду далелҳои қобили таваҷҷуҳ оид ба ашъори шоира дар шинохти ҳарчи бештари ин бонуи сухан ва ҳунар мусоидат хоҳад кард.
Сурайё ҲАКИМОВА, номзади илмҳои филологӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ