Китоби сурхи Тоҷикистон сурхтар мешавад
Чаро набототу ҳайвонот аз байн мераванд?
Инсон дар тӯли сад соли охир барои расидан ба ҳадафҳои худ миқдори зиёди захираҳои табииро мавриди истифода қарор дод, ки бар хилофи қонунҳои табиӣ – экологӣ буда, боиси аз байн рафтани 778 намуди олами набототу ҳайвонот гардид. Бо таъсири баланди фаъолияти хоҷагидории инсон суръати маҳвшавии олами набототу ҳайвонот дар сайёра 2 – 2,3 маротиба зиёд шудааст.
Аз рӯи мушоҳидаҳои олимон, рух додани ҳодисаи тағирёбии хусусиятҳои генетикидоштаи намудҳои олами набототу ҳайвонот дар сайёра ба маҳвшавии намудҳои мавҷудоти зинда, кандашавии занҷири ғизо, инчунин ба ивазшавии муҳити зисти экологӣ оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади рафъи мушкилоти ҷойдошта ва ҳифзу барқарорсозии олами набототу ҳайвонот, экосистемаҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ соли 1972 Ассамблеяи генералии СММ «Ҳифзи муҳити зист» эълон намуд.
Табиати нодири Тоҷикистон ба вазъи экологӣ –глобалии сайёра таъсири назаррас мерасонад ва мувозинати экологиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин менамояд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои табиии нодиру камёб (олами наботот ва ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, ёдгориҳои табиӣ- таърихӣ ва маданӣ) таҳия ва амалӣ намудани корҳои илмию тадқиқотӣ ва мониторинги мувозинати экологӣ ва рекреатсия, ҷорӣ намудани механизмҳои устувори истифодабарии захираҳои табиӣ барои пешбурд ва идоракунии масъалаҳои мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Муассисаҳои давлатии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон ба 3,1млн. га баробар мебошад, ки ин 22,1 % масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар тобеъияти муассисаҳои давлатии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда 4 мамнуъгоҳи давлатӣ («Бешаи палангон», «Ромит», «Даштиҷум», «Зоркул»), 2 парки табии («Сари Хосор», «Ширкент») ва боғи миллӣ дар ҳудудҳои ВМКБ, Лахш, Сангвор бо мақсади ҳифзу нигоҳдории популятсияҳои гуногуни олами набототу ҳайвоноти кишвар таъсис дода шудаанд.
Бо мақсади амалисозии масъалаҳои муҳими экологӣ дар доираи нақшаи миллии “Амалиёт оид ба беҳдошти муҳити зист” дар Тоҷикистон тадбирҳои зерин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудааст:
— қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи ҳифзи олами ҳайвонот» ва «Дар бораи мониторинги экологӣ» қабул карда шуданд;
— нақшаи миллии амалиёт оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ кашида шуд;
— Стратегияи миллӣ ва нақшаи амалиёт барои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологии ҶумҳурииТоҷикистон татбиқ гашт;
— нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи муҳити зист, Консепсияи гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор ва Консепсияи ҳифзи муҳити зист қабул карда шуд.
Аммо бо вуҷуди ин дар Тоҷикистон кам шудани теъдоди набототу ҳайвоноти нодир рӯ ба афзоиш дорад (нигаред ба ҷадвал). Бинобар ин, сохторҳои марбутаро лозим аст, ки сари ин масъала чораҳо андешанд, то ин ки ҳайвоноту набототи нодир пурра рӯ ба нестшавӣ наоранд ва Китоби сурхи Тоҷикистон сурхтар нашавад.
Рӯйхати олами ҳайвонот ва набототи
Тоҷикистон, ки рӯ ба нестшавӣ овардаанд
Номгӯй | Намуд | Дар китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Олами ҳайвонот | 13000 | 222 |
нармбаданҳо | 9 | |
ҳашаротҳо | 81 | |
моҳиҳо | 14 | |
парандагон | 43 | |
хазандагон | 31 | |
ширхӯрҳо | 44 | |
Олами наботот | 9500 | 268 |
пӯшидатухмҳо | 233 | |
лучтухмҳо | 3 | |
ушнаҳо | 8 | |
сархасҳо | 6 | |
обсабзҳо | 9 | |
гулсангҳо | 5 |
Бахтиёр Раҳимов,
мутахассиси шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ