Китоби «Тоҷикон» ба Душанбе расид
Давоми 3 рӯз мешавад, ки тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони шаҳри Душанбе идома дорад.
Туҳфаи Президенти кишварро Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе аз номи мақомоти шаҳр ба собиқадорон ва пирони рӯзгордидаи пойтахт тақдим намуда истодааст.
Дар маросими тақдими туҳфаҳо Мавсума Муинӣ иброз доштааст, ки иқдоми наҷибу шоистаи Сарвари давлат барои шинохти тоҷикон нақши хосса мегузорад. Китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарини илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тақдими ҳар хонадони кишвар гардида истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ