Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» бо се забон тарҷума шуд

Бо ибтикори раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои  русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардидааст.

“Барои тарҷумаи босифату шоистаи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» таҳти роҳбарии ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода устодони ин таълимгоҳ Фаёз Турсунов, Бахтиёр Ҳоҷатов, Анвар Баротов (бо забони русӣ), Зубайдулло Мусоямов, Бобоҷон Маликов, Муҳаммадсалим Азизмуродов, Хамида Ишратова, Зулола Ҳалимзода, Ҷамила Ҷӯраева, Дилфӯза Саидова, Аюб Зикруллоев, Рухангез Сафарзода (бо забони англисӣ), Зоир Ғафуров, Манижа Носирова, Қурбонбегим Ғуломалиева, Сайёра Гиёева, Наврӯзмоҳ Муборакшоева ва Моҳбегим Иброҳимова (бо забони чинӣ) бо камоли муҳаббату садоқат кӯшиш ба харҷ доданд”,- иттилоъ доданд аз донишкада.

Гуфта мешавад, ки щадаф аз ин иқдом муаррифии забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», воқеан ҳам, ҳамбаста ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *