Китобномаи шарҳиҳолии “Шоири оташниҳод” рӯнамоӣ шуд

Рӯзи 22-юми феврали соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар рӯнамоии китобномаи шарҳиҳолии шоири зиндаёду накӯном Ғоиб Сафарзода зери унвони “Шоири оташниҳод” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар маҳфил шахсиятҳои шинохта, адибони маъруф, аз қабили Иброҳим Усмонов, Абдулҳамид Самадов, Муҳаммад Ғоиб, Гулрухсор, Раҷаб Мардон, Ҳасанзода Сипеҳр, Ҳасанзода Садриддин ва дигарон иштироку суханронӣ намудаанд.

Гуфта мешавад, ки нахуст директори китобхонаи Сафарзода Ҳусайн маҳфилро ифтитоҳ бахшида, ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфтааст. Номбурда зимни суханронии хеш аз хоксорию инсондӯстӣ, меҳрубонию меҳмондӯстии шоири зиндаёд ибрози ақида намуда, китобномаи шарҳиҳолии шоир таҳти унвони “Шоири оташниҳод”-ро муаррифӣ намудааст.

— Сипас, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар суханронии хеш аз хотироти бо шоир доштааш ёдоварӣ намуда, нашри китоби “Шоири оташниҳод”-ро падидаи беназир арзёбӣ намуд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Гулрухсор, нависанда Раҷаб Мардон, Иброҳим Усмон ва дигарон баромад намуда, ёде аз шоири ширинкалом, зиндаёд Ғоиб Сафарзода намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *