Клинтон дар Душанбе президент шуд

Ҳиллари Клинтон, номзад аз ҳизби демократҳо бо 78%-и овозҳо дар як овоздиҳии рамзӣ  дар Душанбе президенти  Амрико интихоб гардид. 
Субҳи имрӯз, 9-уми ноябр дар як овоздиҳии  рамзӣ  байни журналистон Ҳиллари Клинтон – 32 овоз ва Доналд Трамп, номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон дар овоздиҳии Душанбе 9 овоз гирифт.

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон низ дар ин овоздиҳӣ иштирок кард, аммо номзади интихобкардаашро нагуфт. Ӯ изҳор дошт, ки ҳамчун мансабдори давлатӣ ҳақ надорад, номзади интихобкардаашро ошкор кунад.

Миллард бо ишора ба ҷараёни ҳисоби овозҳо, ки тариқи мустақим дар Душанбе пахш мешавад, изҳор дошт, ки ин демократия дар амал аст. Ӯ гуфт, дар таърихи Амрико 34 бор интиқоли қудрат сурат гирифтааст ва изҳори боварӣ намуд, ки ин дафъа низ интиқоли қудрат сулҳомез хоҳад буд.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *