КМИР-и Тоҷикистон ғайриҳизбӣ шуд
Минбаъд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) аз ҷумлаи афроди ҳирфаӣ ва ғайриҳизбӣ ташкил хоҳад шуд.
Минбаъд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) аз ҷумлаи афроди ҳирфаӣ ва ғайриҳизбӣ ташкил хоҳад шуд.
Рӯзи 24 июн дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Қонуни ҷадид “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасвиб гардид, ки тибқи ин санад 7 узви КМИР аз ҷониби президент пешниҳод шуда ва аз сӯйи парлумон тасдиқ хоҳанд шуд.
Қаблан дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, комиссияҳои вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон узвият доштанд.
Ба эътиқоди вакилони парлумон ғайриҳизбӣ шудани аъзои КМИР “роҳро барои интихоботи озод ва шаффоф” боз карда ва “тарафдорӣ аз манфиатҳои ҳизбӣ аз миён хоҳад рафт”.
Бахтовар Сафарзода, раиси Фраксияи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон гуфт, ки қонуни ҷадид бар асоси тавсияҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар санади нав нобаробариҳо дар таъйини аъзои комиссияҳои интихоботӣ дар кишвар аз байн рафтааст. Зеро дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон 4 ҳазор комиссияи интихоботӣ фаъолият мекунад ва на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар ҳамаи комиссияҳо намоянда дошта бошанд.
“Ҳизби халқӣ-демократи Тоҷикистон, ки беш аз 500 ҳазор узв дорад, ин мушкилро надошт. Аммо ҳизбҳои дигар дар ин замина мушкил доштанд”-гуфт Сафарзода.
Абдуҳалим Ғаффоров, узви Маҷлис ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз ғайриҳизӣ шудани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар пуштибонӣ кард.
Вай гуфт: “Муҳим он аст, ки дар Қонуни ҷадид “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба аъзои ҳизбҳои сиёсӣ имкони ширкат дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба унвони нозир ё шахси боэътимоди номзад дода шудааст”.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари Ҳизби демократ қабули Қонун “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро “эҷоди маҳдудият дар арзишҳои демократӣ” унвон кард.
Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки арзишҳои демократӣ “на кӯр-кӯрона, балки ба назардошти урфу одат ва менталитети мардуми Тоҷикистон” пазируфта шавад.
Дар ҳоле Қонуни нав “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасвиб ва ислоҳи қонунҳои “Интихоботи Маҷлиси Олӣ”, “Интихоботи Президенти Тоҷикистон”, “Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ” ва “Ҳизбҳои сиёсӣ” сурат гирифтаст, ки соли 2020 дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ ва президентӣ баргузор хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ