Коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ пас аз интиқоди Президент

Дар пайи интиқоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз нархи хизматрасониҳои алоқаю интернет, мақомот нархҳоро поин бурданд.

Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ба расонаҳо иттилоъ дод, ки дар пайи ҳамкории ниҳодаш бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба таври миёна арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ то 15% кам карда шуданд.

«Бо мақсади паст кардани нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, Хадамоти алоқа аз тариқи ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ тамоми нақшаҳои тарофавии операторони алоқаи мобилиро мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба ин натиҷа расид»,- гуфт Атоев.

Ӯ афзуд, ки гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони соҳавӣ корро дар ин самт идома дода, нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ боз ҳам кам карда мешавад.

Ахиран дар Тоҷикистон қонуни нав «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул шуд, ки яке аз ҳадафҳои он таъмини рақобати озоду бовиҷдонона мебошад. Ин дар ҳолест, ки ахиран Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ кард. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад. Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *