Коҳиши истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон
Соли равон истихроҷи нафт ва газ дар Тоҷикистон кам шудааст. Сабаби ин тибқи нақша кор накардани ширкатҳо мебошад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2023 истихроҷи нафт 9,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин 2,8 ҳазор тонна камтар аз нақша аст.
“Дар шаш моҳи аввали соли 2023 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 441 тонна кам нафт истихроҷ гардидааст”,- гуфт Далер Ҷумъа.
Вазир афзуд, ки дар шашмоҳаи гузашта истихроҷи гази табиӣ 193,7 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, ин 181,3 ҳазор метри мукааб камтар аз нақша мебошад. Номбурда сабабҳои асосии иҷро нагардидани нақшаи истихроҷи нафтро ба фаъолияти сусти ширкатҳои истихроҷи нафти кишвар вобаста донист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ