Коҳишёбии талоқ дар Хатлон

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 49 сабти бекор кардани акди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давра беш аз 11 ҳазору 380 ақди никоҳ баста шудааст.

Дар нишасти матбуотии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки талоқ нисбати шаш моҳи соли 2023-ум 338 ҳолат кам шудааст. Вале сабти никоҳ ҳам дар шаш моҳи аввали соли равон, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 553 ҳолат кам шудааст.

Гулчеҳра Раҳмон, сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон афзуд, ки дар доираи эълон шудани соли 2024 » Соли маърифати ҳуқуқӣ» суҳбату вохури миёни сокинон бештар карда шуд. Дар ҳар як вохурӣ онҳоро ба зиндагии осуда ва эҳтироми ҳамдигарӣ даъват мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *