КОА  рисолаҳои илмиро “ғалбер” мекунад

Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон рисолаҳои илмии чаҳор унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад кард

Масъулини Комиссияи олии атестатсионӣ мегӯянд, рисолаи се нафарро барои такмил фиристоданд, аммо рисолаи Нуралӣ Ҳакимов дар бораи «Фарҳанги сохтмонии водии Ҳисор дар асрҳои ХI ва оғози асри XX»- ба куллӣ рад кардаанд. Пажӯҳишгоҳи таърихро ҳам барои қабули чунин рисола огаҳӣ додаанд. Абдуҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ гуфт, ки аз ин баъд рисолаҳоро пеш аз ҳимоя аз “ғалбер” мегузаронанд ва он рисолаҳоеро қабул мекунанд, ки барои халқ “манфиате дода тавонанд.” “Имрӯз дар Комиссияи олии аттестатсионӣ рисолаҳои хому хасакӣ намегузаранд. Ман инро бо итминони комил ва боварии том ба шумо мегӯям. Камтар саросемагӣ ва шитобкорӣ кардаанд. Дар инҷо корҳо барои коркарди иловагӣ баргардонда мешавад ва фикр мекунам, ба фоидаи ҳарду тараф мешавад ва ба фоидаи ҳамон рисоланавис ҳам мешавад” — афзуд Розиқзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *