Кобул: 30 тан кушта ва зиёда аз 50 нафар захмӣ

Мақомоти афғон эълон карданд, ки ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе ба поён расид. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ҳамла 30 нафар кушта ва бештар аз 50 тани дигар захм бардоштаанд. Гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ гуфтааст, ки ҳамаи захмиёни ин ҳодиса ба ҷойҳои муносиб интиқол дода шудаанд. То ба ҳол шахсияти қурбониёни ин даргирӣ эълон нашудааст. Мақомоти афғон ҳамзамон эълон кардаанд, ки ҳамаи чаҳор марди ҳамлакунанда кушта шудаанд.

Субҳи дирӯз, 8 март гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба як бемористони низомӣ дар маркази шаҳри Кобул — пойтахти Афғонистон ҳамла карданд. Ба иттилои  расонаҳо ба нақл аз манбаъҳои ҳукуматӣ, соати нӯҳ ба вақти маҳаллӣ дар назди дарвозаи вурудии бемористон аввал таркиш рух дод ва пас аз он ҳамлакунандагон худро ба дохили бино расонданд ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Як масъули ин бемористон гуфтааст, ки ҳамлаварон аз тарафи шимоли шифохона ба дохил ворид шудаанд.Тибқи гузоришҳо, ҳамлакунандагон ба ошёнаҳои дувум, савум, чаҳорум ва шашуми бемористон худро расонида ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *