Кобул: Баргузории маросими дафни Сабовун Какар

Дар шаҳри Кобул рӯзи 1 май маросими хоксупории Сабовун Какар, хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул баргузор шуд. Какар яке аз нӯҳ хабарнигоре буд, ки дар таркиши ҳамлагари маргталабе рӯзи 30 апрел кушта шуд.

Дар маросими хоксупории Какар хешовандон, дӯстон ва ҳамкорони ӯ аз радиои “Афғонистони озод” иштирок карданд. Қурбонии дигари ин ҳамла Абдуллоҳ Ҳананзай ва коромӯзи Радиои Озодӣ Муҳаррам Дурронӣ худи рӯзи 30 апрел дафн шуданд. Дурронӣ мехост аз миёнаи моҳи май расман ба кор дар дафтари Радиои Озодӣ дар Кобул пазируфта шавад.

Какар давоми панҷ сол барои Радиои Озодӣ кор карда дар ин муддат хабару гузоришҳои зиёде нашр кардааст. Қодир Ҳабиб, сардабири барномаҳои радиои “Афғонистони Озод” гуфт, ки Какар маъмулан аз пайи хабару гузоришҳои муҳим ва мудҳиш мерафт ва пӯшиши таҳаввулоти баъди таркишҳои маргталабона яке дигар аз масъулиятҳо ӯ буд. “Вай як марди ҷасур буд ва ҳеҷ гоҳ аз иншои матолиби хатарнок ҳарос надошт”, гуфт Қодири Ҳабиб.

Масъулияти ҳамла ба журналистонро рӯзи 30 апрел гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *