Кобул: Интиқоди занони соҳибкор аз набуди бозори ҳунарҳои дастияшон

Шуморе аз занони тоҷиру соҳибкор аз набуди бозор барои фурӯши маҳсулоти дастӣ ва дигар маҳсулоти онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд. Ин занон мехоҳанд, ки ҳукумати муваққат дар ташкили бозори маҳсулоти занону духтарони соҳибкор ҳамкорӣ кунад.

Лина Навобӣ масъули коргоҳи дӯзандагии Кобул аст. Ӯ мегӯяд, ки кору бор аз набуди бозор ранги худро гум кардааст.

Лина Навобӣ мехоҳад, ки барои занон дар кишвар бозорҳо ва намоишгоҳҳои доимӣ эҷод шаванд. Дар ин бора ӯ мегӯяд: «Ба занон кумак кунед ва барои онҳо шароити корӣ фароҳам оред. Заводҳо бояд барои онҳо намоишгоҳҳо ташкил кунанд, то занон бештар дастгирӣ шаванд».

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ҳукумати муваққат итминон медиҳад, ки аз занон барои фаъолияти бештар дар бахшҳои истеҳсолӣ ва тиҷорат пуштибонӣ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *