Кобулро қумандони тоҷик тарконд?

Аҳмад Воҳид Мужда, журналист ва таърихдони шинохтаи Афғонистон гуфтааст,ки  шояд ҳамлаи хунин ба тазоҳуроти мусолиматомези “Ҷунбиши Рӯшноӣ” дар Кобул бо амри Абуалӣ ат-Тоҷикӣ анҷом шудааст. 

Дар ин амалиёт, ки ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайваст, беш аз 80 нафар кушта ва наздик ба 250 нафар захм бардоштанд. Масъулияти ин амалро ДИИШ ба дӯш гирифтааст.
Воҳид Мужда дар як матлаб, ки торнамои “Афганистан.ру” нашр кард, навиштааст, раҳбарияти неруҳои амниятии Афғонистон созмондиҳандаи ин ҳамларо кадом як Абуалӣ гуфт, ки гӯиё зодаи маҳаллаи Ачини музофоти Нангархор аст: “Аммо миёни “диишиён”-и Афғонистон ин ном ноошност. Дар ҳамин ҳол ин ном моро ба лидери ДИИШ Абуалӣ ат-Тоҷикӣ, шаҳрванди Тоҷикистон мебарад. Дар гузашта ат-Тоҷикӣ як муддат дар Афғонистон зиндагӣ карда, баъди эълони Абубакр ал-Бағдодӣ ба ҳайси халифа ба Сурия рафт ва ба ҳадде боварии ӯро соҳиб гардид, ки вайро фармондеҳи гуруҳи фидоиён намуданд”.

Ба иддаои муаллифи матлаб, Абуалӣ ат-Тоҷикӣ масъули роҳандозии ҳамлаҳои мушобеҳ дар тамоми ҷаҳон аст ва ҳамла ба тазоҳургарон дар Кобул метавонад бо амри ӯ анҷом шуда бошад:“Агар Абуалие, ки дар гузоришҳои неруҳои амниятии Афғонистон зикр шудааст, ҳамон ат-Тоҷикӣ бошад, пас метавон ба ин натиҷа расид, ки ДИИШ дар пайи шикастҳои ахири худ дар Сурия мехоҳад фаъолияташ дар “Вилояти Хуросон”-ро тақвият бахшад. Аммо ба гумон аст, ки Бағдодӣ дар чунин давраи барои “Давлати исломӣ” ҳасос дар Сурия ва Ироқ чунин нафареро барои созмон додани амалиётҳо бо ширкати маргталабон алайҳи ҳазораҳо фиристад”.

Гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ соли 2014 бо тасарруфи як қисмати қаламрави Сурия ва Ироқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *