“Кодекси иттилоот” беҳтар ё “Қонуни матбуот”?
Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ба таҳияи “Кодекси иттилоот” оғоз кардааст, ки фаъолияти расонаҳоро танзим хоҳад кард.
Акнун қонунҳои то ҳол мавҷуд, бо шумули қонуни матбуот ва қонун дар бораи радио ва телевизион, зери чатри “Кодекси иттилооти Тоҷикистон” ҷамъ мешаванд.
Вакилони порлумон мегӯянд, ин санад дар қаламрави Шӯравии собиқ намуна надорад ва дар таҳияи он назари хабарнигорон ва кормандони матбуот ба эътибор гирифта мешавад.
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ва хабарнигорон умед доранд, ки бандҳои маҳдудкунандаи қонунҳои мавҷуд ба Кодекси иттилоот роҳ намеёбанд ва матбуот аз рукуди амиқи солҳои ахир берун меояд.
Олим Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳияи кодекси нав «қонунҳои вобаста ба васоити ахбори умуми кишвар ва санадҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст».
«Бо анҷоми тарҳи мазкур намояндагони расонаҳоро даъват хоҳем кард, ки назари худро роҷеъ ба ин Кодекс баён доранд”, — афзуд Салимзода.
Матбуоти Тоҷикистон дар ҳоле соҳиби “Кодекси иттилоот” мешавад, ки дар се соли охир матбуот бӯҳрони моливу фишор, баста будани манбаъҳои хабариро таҷруба кард ва аҳволи хубе надорад.
Ниҳодҳои давлатӣ бо шумули вазоратҳо, ки аз рӯи қонун бояд ба хабарнигорон иттилоъ диҳанд, аз хабарнигорон фирор мекунанд ва бо такрори “нома биёред, ҷавоб медиҳем” ҷони худро халос мекунанд.
Баъзе манбаъҳо, ки ҳангоми вуқӯи таҳаввулоти муҳим маҷбуранд, бо матбуот суҳбат кунанд, баробари додани ними маълумот талаб мекунанд, ки номашон дар мақола зикр нашавад. Аз ин сабаб солҳои охир нашри хабарҳо аз манбаъҳое, ки намехоҳанд исмашон зикр шавад, рӯ ба афзоиш овардааст.
Ягона роҳи гирифтани маълумот аз ниҳодҳои давлатӣ конфронсҳои матбуотиест, ки соле ду дафъа баргузор мешавад. Аммо мақомоти баландпоя дар ин нишастҳо, ки бо дастури президент сурат мегирад, ё иштирок намекунанд, ё агар иштирок кунанд, аз посух ба суолҳо мегурезанд.
Аз ин рӯ, аҳли матубот гумон надорад, ки се санадро ба як санад табдил додан ва номи онро “кодекс” гузоштан тавонад, рукуди феълии матбуотро тағйир диҳад.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бо назардошти бандҳои маҳдудкунандаи қонунҳои феълии матбуот гуфт, маҷмӯи ҳуқуқ ва масъулиятҳои касбии журналист дар Кодекси иттилоот ба таври мушаххас нишон дода шавад.
“Дар баҳсҳое, ки журналистон бо мансабдорон доранд, соҳибмансабон аз курсиву нуфуз истифода мекунанд ва баҳсҳои додгоҳӣ бар зарари журналистон меанҷомад. Ҳарчанд журналист камбуди соҳаро навиштааст. Дар қонунҳои ҷории матбуот ба таври мушаххас уҳдадориву ҳуқуқи журналист зикр нашудааст ва зарур аст, ки ҳуқуқи онҳо дар бандҳои Кодекс зикр карда шаванд» — гуфт, Нуриддин Қаршибоев.
Ӯ афзуд, мансабдорон, ки ҳар мақолаи танқидиро дар ҳаққи худ «туҳмату буҳтон» мешуморанд, хабарнигоронро ба додгоҳ кашида ва ҷаримаҳои бузурге талаб мекунанд.
«Мо пешниҳод мекунем, ки дар Кодекс ҳамин масъала зикр ёбад ва навишта шавад, ки ба ҷои муроҷиат ба додгоҳ, раддия навишта шавад. Ин имкон медиҳад, ки худсензура кам шавад ва рӯзноманигорон ба мавзӯъҳои муҳим рӯ биёранд” — мегӯяд Қаршибоев.
Қироншоҳ Шарифзода, устоди фанни журналистика, мегӯяд, тарҳи қонунҳо доир ба матбуот чун дар солҳои пешин аз қонунҳои Русия айнан тарҷума шудаанд ва дар баъзе ҳолат муҳтавои матни қонун норӯшан аст ва корафтодаро гиҷ мекунад.
Тилав Расулзода, яке аз журналистони собиқадори тоҷик, мегӯяд, дар Маҷлиси намояндагон бобу фаслҳои Кодекси иттилоот тавре таҳия шавад, ки журналист ҳангоми кор тавонад аз худ дифоъ кунад.
Бисёр ҳамсуҳбатҳои мо бо назардошти таҷрибаҳои қаблӣ ба беҳтар будани “кодекс” аз “қонуни матбуот” дилгарм нестанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳар сурат вазни тарозуи адолат дар Тоҷикистон ба фоидаи мансабдор тағйир меёбад.
“Озодӣ”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ