Кохи Сафед: Аз 100 то 250 ҳазор нафар қурбони коронавирус мешавад

Дар ИМА аз 100 то 250 ҳазор сокин мумкин аст, қурбонии коронавирус шавад. Дар ин бора имрӯз Кохи Сафед бо такя ба пешбинии таҳлилгарони расмӣ чунин иттилоъ дод.

Ин пешбинӣ бо назардошти тадбирҳои андешидашуда: манъи чорабиниҳои оммавӣ, бастани мактабу корхонаҳо ва хонанишинии сокинон ироа гардидааст.

Ҳукумати Трамп бо баҳонаи камбуди омори дақиқ то кунун аз баргузории таҳлил ва ироаи пешбиниҳо худдорӣ мекунад. Коршиносон густариш ёфтани шумори гирифторонро пешбинӣ мекунанд. То имрӯз дар ИМА наздики 188 ҳазор гирифтор ва 4059 ҳолати марг аз вируси корона сабт шуд. “Мо ду ҳафтаи душворро дар пеши рӯ дорем”, — гуфт Доналд Трамп, президенти ИМА дар як нишасти хабарӣ. Вай ҳамзамон афзуд, “рушании поёни нақб наздик аст”. Трамп иҷрои карантинро “масъалаи ҳаёту мамот” унвон ва ҳолати фавқулодаро як моҳи дигар тамдид кард.

Дебора Брикс, ҳамоҳангсози талошҳои зидди вирус аз сокинон даъват кард, ки бештар аз даҳнафарӣ ҷамъ нашаванд, аз гашту гузор худдорӣ варзанд ва ба тарабхонаву майхонаҳо нараванд.

Ба иттилои расонаҳо, атрофиёни Трамп дар бораи зарурати пӯшидани сартосарии ниқоб гуфтугӯ доранд. Коршиносон мегӯянд, барои афроди солим пӯшидани ниқоб зарурат надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *