Кохи сафед ба раванди эъломи нобоварӣ ба Трамп монеъ мешавад
Кохи сафед расман гуфт, ки дар доираи тафтишоти эъломи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп бо демократҳои Конгресс ҳамкорӣ намекунад.
«Президент Трамп ва маъмурияти ӯ ба хотири иҷрои уҳдадориҳои хеш дар назди мардуми Амрико, Конститутсия, ҳукумати иҷроия ва президентҳои оянда дар тафтишоти ғайриконститутсиониву яккаҳизбӣ иштирок карда наметавонанд», — омадааст дар номаи ҳуқуқшиноси Кохи сафед Пэт Чиполлон ба унвони демократҳои Палатаи намояндагон.
Сухангӯи Кохи сафед Стефани Гришэм низ гуфт, «маъмурияти президенти ИМА дар «театри сиёсии муғризона» иштирок нахоҳад кард. «Демократҳо ба хотири бекор кардани натиҷаҳои интихоботи соли 2016 озодиҳои шаҳрвандӣ ва усули тақсимоти шохаҳои ҳокимиятро нақз мекунанд. Президент ягон кори бад накардааст ва демократҳо инро медонанд», — афзуд Гришэм.
Пештар Департаменти давлатии ИМА ба сафири Амрико дар Иттиҳоди Аврупо Гордон Сондланд иҷозат надод, ки дар доираи тафтишоти мазкур дар ҷаласаи Палатаи намояндагони Конгресс суханронӣ кунад. Сондланд махсус барои ин ба Вашингтон рафта буд.
Раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ гуфт, президент Трамп ба хотири худдории Кохи сафед аз ҳамкорӣ дар доираи тафтиши эҳтимоли эъломи нобоварӣ «ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд». «Талошҳо барои аз мардуми Амрико пинҳон кардани сӯистифодаи президент аз қудрат баёнгари монеъ шудан ба адолат аст», — афзуд ӯ.
Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи 25 сентябр раванди эъломи нобоварӣ нисбати Трампро шуруъ кард. Трамп дар пайи суҳбати телефонии моҳи июл бо президенти Украина Владимир Зеленский ба эъломи нобоварӣ рӯ ба рӯ шуд.
Мухолифони сиёсии президенти ИМА мегӯянд, вай дар суҳбати телефонӣ аз ҳамтои украинаш хостааст, фаъолияти Хантер Байден, писари Ҷозеф Байден — рақиби эҳтимолии интихоботии соли 2020-и Трампро дар Украина тафтиш кунад. Трамп таҳдид кардааст, ки агар тафтиш сурат нагирад, ИМА ба Киев кумаки моливу низомӣ нахоҳад расонд.
Намояндагони Трампу Зеленский мегӯянд, ҳеч гуна фишоре аз сӯи президенти ИМА ҷо надошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ