Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе соҳиби озмоишгоҳҳои замонавӣ шуд
Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе озмоишгоҳ-синфхонаҳои таълимӣ аз фанҳои физика, химия ва биология ба истифода дода шуданд.
Дар ифтитоҳи озмоишгоҳ-синфхонаҳои нав имрӯз, 11 октябр Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон, муовинони раис ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки синфхона-озмоишгоҳҳои колеҷ дар доираи амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 ташкил карда шуданд.
“Озмоишгоҳҳои муосир бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Имкониятҳои гузаронидани корҳои озмоишӣ ва назоратиро дар раванди дарсҳои амалӣ боз ҳам беҳтар менамоянд”,-иттилоъ доданд аз коллеҷи мазкур.
Гуфта мешавад, ки ба воситаи озмоишгоҳҳои нав низоми таълим ва раванди дарсгузарӣ дар коллеҷ ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад. Инчунин, омили рушди бонизоми коллеҷ ва боло рафтани мавқеи он мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ