Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби бинои иловагӣ шуд
Имрӯз, 25 октябр бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дорои 25 синфхона, аз ҷумла 7 толори барҳавои лексионӣ ва 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад. Он барои таҳсили 1300 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 7 факултет ва 12 кафедра амал менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ