“Командировка” сабаби марги Ҷамшед гашт

Дирӯз соати 14-00 боз як гроби тоҷикбачаи 27 соларо аз Русия ба Ватан фиристоданд.Номбурда Ҷамшед Шарипов буда, зодаи ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ аст. Ӯ баъди як моҳи дар «Командировка» буданаш дар шаҳри Красноярски  Русия дар кучаи Павловскӣ 3, дар иҷораи бародараш Толибҷони 36 сола ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Чи тавре, ки  ба хабарнигори  “Тоҷикистон таймс” бародари марҳум Кароматулло Шарипов гуфт”: Бародарам Ҷамшед дар Вазорати корҳои дохилӣ бо унвони летинанти калон муддати чор сол аст, кору фаъолият мекард. Ӯ бо хоҳиши худаш ба сафари хизматӣ як моҳа ба шаҳри Красноярск рафта буд. Ӯ ба ин шаҳр рафту аз онҷо занг зада хабар дод, ки ҳамроҳи бародарам Толибҷон дар як иҷора иқомат мекунем. Баъди як моҳи сафараш ӯ чиптаи ҳавопаймо дошт ва бояд то Иди  Қурбон ба хона бармегашт.

Се рӯз пеш аз  бозгашташ аз бародарам Толиб хоҳиш кардааст, ки ба ӯ чор дона заргӯш харида орад, то ба писарчаи даҳмоҳааш ба ҳайси тӯҳфа барад. Бародарам суханашро нашикаста, барои пайдо кардани заргӯш ба бозор мебарояд. Тақрибан соатои 11-и шаб нафарони шахсияташон  номаълум ба хона зада даромада, Ҷамшедро зери шиканҷа қарор дода, дасту пояшро мебанданд ва дар охир бо сими телевизор гулӯяшро буғи карда мекушанд. Вақте бародарам Толиб аз бозор бо заргӯшҳо бармегардад, Ҷамшедро бо дасту пойи баста ва гулӯи буғишудаву ҷони аз даст рафта пайдо намуда, аз ҳуш меравад. Ӯро се чор рӯз дар морг нигоҳ медоранд ва ҳуҷҷатҳояшро тахт  намуда, билохира ба Тоҷикистон фиристониданд”.

      

Ба саволи он, ки Ҷамшедро дар судэкспертиза чи гуфтанд? Кароматулло оҳи сард кашида гуфт, ки дар ташхиси судӣ гуфта шудааст, ки Ҷамшедро се чор нафар бо роҳи шиканҷа ва марги маҷбурӣ ба ин ҳол расонидаанд. Дар хусуси он, ки ҷиноякор кист, Кароматулло китф дар хам кашида, гуфт, ки одамони номаълум ин корро кардаанд…

Кароматулло дар охир қайд кард, ки  “мо аз хусури бародарам хеле миннатдорем, ки ҷасади Ҷамшедҷон ба ватан фиристонид, вагарна дар  мулки рус мурдааш бесоҳиб мемонд.

 Ҷасади  ӯ дирӯз  соати 18-00 дар н. Абудраҳмони Ҷоми  ба хок супорида шуд.

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *