Комбайн сари Қурбоналиро аз танаш ҷудо кард

Фоҷиа дар Ҳисор

Чанд рӯз пеш ба идораи ҳафтанома занги телефон шуду яке аз хонандагони ҳафтаномаамон аз ноҳияи Ҳисор хабар расонд, ки ҳангоми гандумдарав комбайн сари як ҷавони 21-соларо аз танаш ҷудо кардааст.

Ин хонандаи “Оила” аз гуфтани ному насабаш худдорӣ намуда, хабар дод, ки дар бораи ин фоҷиа овозаҳои бисёре паҳн гаштаанд ва бархе бар он назаранд, ки ин ҳодисаи нохуш тасодуф нест. Ба хотири нуқта гузоштан ба овозаю ҳангомаҳои беасос мо ба падари марҳум занг задем, то бифаҳмем, ки ин фоҷиа чӣ гуна рӯй додааст. Падари Қурбоналии ғуррамарг, сокини деҳаи Гулдараи  ноҳияи Ҳисор Файзӣ Раҳимов, мусибати ба сари фарзандаш омадаро бо дарду алам ба мо қисса кард.

Қурбоналӣ донишҷӯ буд

Писарам баъди хатми мактаби миёна бо сад орзую умед ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи политехникии кишварамон супорид.  Имтиҳонҳои дохилшавиро бо қувваю дониши худаш бо муваффақият супорида, донишҷӯ гашт. Дар донишгоҳ рафтори намунавӣ дошт. Ман бо писари боодобу хушахлоқам фахр мекардам ва ҳамеша кӯшиш менамудам, ки ӯро дастгирӣ намоям, то ки Қурбоналӣ донишгоҳро бо сари баланд хатм карда, одами номдор шавад. Албатта ҳар як падару модар орзу мекунад, ки фарзандашро ба воя расонида, соҳиби ному нон ва зиндагии ободу осоишта гардонад, мо ҳам дар ҳамин фикр будем, аммо дасти тақдир ниҳоли умри писаракамро дар айни шукуфоияш решакан карда, дар дилҳои мо доғи абадӣ гузошт…

Ҳодиса тасодуфӣ буд

-Дар байни мардум овозае ҳаст, ки ин фоҷиа тасодуфан рӯй надодааст ва гӯё писаратон бо касе душманӣ доштаасту…

Ин овоза ягон асос надорад. Қурбоналии мо ба ягон кас бадӣ накардааст ва ягон душман ҳам надошт. Ҷои пӯшида нест, ки дар деҳаҳо мардум асосан зиндагии  худро аз рӯйи замин пеш мебаранд, мо ҳам замин дорем ва ҳар сол маҳсулоти полезӣ кишт мекунем.  Писарони холаш ҳамеша ба кору бори хоҷагии мо ёрӣ мерасонданд, писарони ман низ ба онҳо кӯмак мекарданд. Ҳамон рӯзи шум писарам  барои гандуми онҳоро ба комбайн андохтан ба хоҷагиашон рафта буд. Байни фарзандони мо ягон бадбинӣ ва хусумат набуду нест, вале вақти Қурбоналӣ дар назди комбайн будан ҳамроҳонаш дуртар аз ӯ будаанд. Онҳо баъди кор аз кор гузаштан хабардор шуда ба кӯмак мешитобанд, вале…. Тақдиру насиби фарзанди мо ҳамин будааст, дигар чӣ илоҷ?!

Сар аз тан ҷудо шуд

-Сабаби сар задани ин фоҷиа чист?

-Вақти дар назди ин дастгоҳ кор кардан набояд одам ягон либоси овезон дошта бошад, чунки ҳангоми партофтани дарзаи гандум ба шохааш  маҳкам шуда, шахсро мепечонад. Бо писари ман айнан чунин ҳодиса рӯй додааст. Дар гардани Қурбоналӣ шарф будааст, вақти дарзаи гандумро партофтан як гӯшаи шарф ба дастгоҳ мепечад. Ҳамроҳонаш аз ӯ дуртар нишаста дам мегирифтаанд, то онҳо хабардор мешаванд, ки комбайн сари писарамро аз танаш ҷудо мекунад.

-Қурбоналӣ писари ягонаатон буд ё боз фарзанд доред?

-Шукри Худо соҳиби 4 фарзандам, якеашро ба хок супоридаму дигаронаш дар ҳаётанд. Баъди рӯй додани ҳамин фоҷиа шабу рӯз дуо мекунам, ки Худованд фарзандонамро дар паноҳаш нигаҳбон бошад.  Рӯзи сахтеро, ки ба сари аҳли оилаи мо омад, бо забон ҳеҷ фаҳмонда намешавад, Худо чунин рӯзи сиёҳро ба ягон бандааш нишон надиҳад. Парвардигор доғи фарзандро ба касе нишон надиҳад, бисёр пурсӯзу гудоз аст аз даст додани писар. Аз ҳамон рӯзи наҳсе, ки ин фоҷиа рӯй доду Қурбоналиҷонамро ба хок супоридам, хаёл мекунам, ки дар синаам ба ҷойи дил як ҳавзи калони хун ҷамъ шудааст ва аз чашмам ба ҷойи оби дида фақат хун мерезад…

Ҳамасола дар фасли тобистон мардуме, ки замини хоҷагӣ доранд, ба кишту кор машғул  мешаванд. Ман ҳамчун падари фарзандгумкарда ба онҳо маслиҳат медиҳам, ки эҳтиёт кунанд ва ҳамеша ба қоидаҳои бехатарии техникӣ риоя намоянд. Беаҳмиятӣ метавонад боиси сар задани чунин фалокату фоҷиаҳои тақдирсӯз гардад…

М. Давлат  

П/ С

Ҳодисаи мазкур рӯзи 10 июли соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Гулдара рух додааст. Ҳодисаи ба сари Қурбоналии ғуррамарг омадаро ба он хотир дар саҳифаи ҳафтанома ҷой додем, ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва ҳангоми кор бо дастгоҳҳои техникӣ эҳтиёт намуда, ҳаёти худу наздиконашонро дар хатар нагузоранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *