Комилҷон Зарипов: Ба як мард чил ҳунар кам аст

Комилҷон Зарипов аз ҷумлаи сарояндагони боистеъдоду асилест, ки дар хунаш ҳунар нуҳуфтаву дар қалбаш меҳри суруду мусиқӣ бо шири модар ва истеъдоди зотии падари ҳунармандаш Қобилҷон Зарипов маъво гирифтааст. Чанд рӯз қабл дар арафаи зодрӯзи Комилҷон оид ба зиндагиву фаъолияти эҷодии ин ҳунарманди булбуловоз мусоҳибаеро анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

— Комилҷон, сараввал зодрӯзатонро табрику муборакбод мегӯем!

— Ташаккури зиёд. Барои чунин қадрдонӣ миннатдорам.

— Аввалин шуда, шуморо кӣ табрик намуд?

— Ростӣ, дар зодрӯзам маҳфилорои як маърака будам. Вақте ба хона омадам, падару модар ва ҳамсари меҳрубонам бо як торт, ки дар он акси ман ҷой дошт, маро пешвоз гирифтанду табрик намуданд. Аз ин “сюрприз”-и наздиконам хеле хурсанд шудам.

Дар рӯзи мавлудатон ҳам дар хизмати мардум будед?

— Бале, имсол зодрӯзамро дар маҳфили бахт дар ноҳияи Шаҳритус бо тӯйдорон ҷашн гирифтам. Ин ҳама бо шарофати самимияту эҳтироми мухлисон аст, ки мавлудамро бо онҳо ва дар хизмати онҳо ҷашн мегирам.

Тавре медонем, шумо дар ширкати Вавилон кор мекунед. Аз куҷо вақт меёбед, ки тарона эҷод кунед?

— “Барои як мард чил ҳунар кам аст” мегӯянд. Ҳамааш аз худи инсон вобастагӣ дорад. Агар вақтро дуруст тақсим карда тавонӣ, барои ҳама кор вақту имкон ёфтан мумкин аст.

— Агар падаратон тарки саҳна кунанд, худро танҳо ҳис мекунед?

— Падарам барои ман пушту паноҳи бузург ҳастанд. Имрӯзҳо аллакай дар танҳоӣ ба тӯю маъракаҳо рафтанро одат карда истодаам. Аммо бо падар будан ифтихор аст.

Мебинем, ки ба Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ карда истодаед. Назари мардуми ҳамсоякишвар нисбати санъати тоҷик чӣ гуна аст?

— Шукрона мекунем, ки на танҳо ба мардуми тоҷик, балки берун аз кишвар низ хизмат карда истодаем. Ин барои мо мояи ифтихор аст. Дар Ӯзбекистон нисбати ҳунармандони тоҷик иззату эҳтироми хос доранд.

— Боре дар ягон тӯй ройгон хизмат кардаед?

— Бале, дар чандин тӯю маъракаҳо ҳамроҳи падар ройгон хизмат кардаем. Инчунин дар ятимхонаҳо низ консерти ройгон додаем. Ҳар гоҳе дар ятимхона консерти ройгон медиҳем, Худованд ба мо файзу баракат ато мефармояд.

— Дар охир мегуфтед, ки барои мухлисонатон чӣ “сюрприз” доред?

— “Сюрприз”-и ҳар як ҳунарманд — ин клипи наву ҷолиб аст. Худо хоҳад, ба наздикӣ мо ҳам ба мухлисон клипҳои навро пешниҳод мекунем.

Мусоҳиб: Меҳроншоҳ УСМОНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *