Комил Мухсуддинов: 1500 нафар бо кор таъмин шуданд
Давоми сол дар ноҳияи Кӯшониён ба хотири таъмини сокинон бо ҷойи кор 11 ярмарка гузаронида шудааст. Дар назар аст, ки то охири сол боз ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор карда шавад.
Комил Махсуддинов, сардори раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки имсол 1 ҳазору 494 нафар бо кор таъмин шуданд. Ӯ мегӯяд, нақшаи таъмини сокинон бо кор дар даҳ моҳи соли равон бештар аз 107 дарсад иҷро гардид.
«Шахсони бекоре, ки муроҷиат кардаанд, 715 нафарро ташкил мекунанд. Мо то охири сол боз камаш ду ярмаркаи дигар мегузаронем ва умед аст, ки шахсони муроҷиаткарда пурра бо кор таъмин мешаванд»,-гуфт номбурда.
Комил Мухсуддинов афзуд, ки 146 сокин, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, бо корҳои барои онҳо мувофиқ таъмин шуданд.
«Масалан маъюбоне ҳастанд, ки дар корхонаи истеҳсолӣ фаъолият карда наметавонад. Мо барои онҳо кори осон ва сабук пешниҳод мекунем», — таъкид кард вай.
Ӯ гуфт, ки то имрӯз, 250 нафар ба омӯзиши касбу кори гуногун ҷалб шудаанд, ки беш аз 80 дарсади нақшаро ташкил мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ