Комилов аз Ӯзбекистон насими тоза овард?

29 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири хориҷаи Узбекистон Абдулазиз Комилов баргузор шуд. Дар ин нишаст сӯҳбат аз беҳтар намудани фазои ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар бахши иқтисоду иҷтимоиёт ва масоили марбут ба энергетика ва нақлиёт рафтааст. Сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода  баъди анҷоми ин мулоқот дар кохи президент гуфтааст, вазири хориҷаи Ӯзбакистон бо паёми шифоҳии раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба президенти Тоҷикистон омад. Дар ин паём доир ба беҳбуди ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, «ҳалли баъзе мушкилот дар равобити ин ду кишвар ва барқарор кардани муносибатҳои ҳамсоягӣ, анъанавӣ, дӯстии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон» сӯҳбат кард.

Ба қавли Шарифзода, баъди анҷоми мулоқот дар брифинге дар баробари телевизионҳои давлатии Тоҷикистон Комилов гуфтааст: «Ӯзбекистон омода аст муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши энергетикаро барқарор кунем, ҳаракати роҳи оҳан, парвозҳои миёни ду кишварро барқарор кунем. Ҳалли мушкилоти обию энергетикӣ бо адолат ва ба манфиати ҳарду кишвар бошад».

0:01:11Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки вазири хориҷаи Узбекистон бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад ва яке аз масоили мавриди баррасӣ — фаъол намудани кори Комиссиюни байнидавлатӣ оид ба ҳамкории иқтисодию савдо мебошад.

«Бахши иқтисодӣ ва тиҷорат ҳамчун соҳаи муҳимтарини ҳамкории ду кишвар маҳсуб дониста шуда заминаҳоро барои беҳбуд бахшидани муносибатҳои ҳамсоядорӣ дар ҳар соҳаи дигар тақвият хоҳад бахшид», мегӯяд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Ин нахустин мулоқоти мақомоти баландпояи ду кишварбаъди даргузашти президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли ҷорӣ мебошад. Бар асоси тасмими Сенати ин кишвар, раҳбарии муваққатии ин кишварро сарвазири  собиқ Шавкат Мирзиёев ба ӯҳда гирифт. Моҳи декабр қарор аст дар Ӯзбакистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шавад. Коршиносон баъди даргузашти Каримов таъкид мекунанд, ки мардуми ҳарду кишвари ҳамсоя интизори гармиши бештаре дар равобити миёни ин ду давлат ҳастанд ва умедворанд, ки масоили зиёди матраҳ дар ҳамкориҳои дуҷониба ниҳоят ҳалли худро пайдо кунад. Ин мушкилот аз набуди иртибототи ҳавоӣ миёни ду кишвар, вуҷуди низоми раводид барои сафарҳои шаҳрвандон, поин будани мизони додугирифтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ғайра мебошанд. Баъди даргузашти президент, раҳбарияти Ӯзбекистон гуфт, ки сиёсати Ислом Каримовро идома медиҳад. Аз ҷумла, ин изҳорот бори охир аз забони вазири корҳои  хориҷаи ин кишвар дар ҷараёни Маҷмааи кулли СММ дар Ню-Йорк садо дод. Абдулазиз Комилов гуфтааст, «Ӯзбекистон сиёсати хориҷиашро дар заминаи ҳимоят аз манофеи миллӣ ба роҳ мемонад». Вай гуфтааст, ки «мавқеи устувори сиёсати хориҷии Ӯзбакистон аз пойбандӣ ба принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи СММ ва Конститутсияи ин кишвар сабт шудааст, маншаъ мегирад». Абдулазиз Комилов, ки рӯзи 23-уми сентябр дар ҷаласаи Маҷмааи умумии Созмони Милал сӯҳбат мекард, истифодаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, хушкидани Баҳри Арал ва масоили зистмуҳитиро яке аз мушкилоти мубрамтарини минтақа номид, вале ҳеҷ ишорае ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон накард. Нутқи вазири умури хориҷии кишвари ҳамсоя аз суханрониҳои пешинааш фарқ мекард, чун дар гузашта ӯ мушаххасан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ишора карда гуфтааст, ки бунёди нерӯгоҳҳои азим дар маҷрои рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ, ҳоли кишварҳои поёноб, яъне Узбекистону Қазоқистон ва Туркманистонро бад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *