Комилов ва Аслов ба ҳузури Керри рафтанд Натиҷа чӣ мешавад?

Пагоҳ  дар Вашингтон вазири корҳои хориҷаи ИМА Ҷон Керрӣ бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад.

Дар ин мулоқот вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард. Дар меҳвари музокирот – амнияти минтақа, иртибототи иқтисодӣ, мушкилоти муҳити зисту тағйироти иқлим ва ҳам масоили башарӣ қарор доранд. Дар ин мулоқот инчунин тарҳҳои пешниҳодие баррасӣ мешавад, ки дар мулоқоти ахири кишварҳои панҷгонаи “C5+1” дар шаҳри Самарқанди Ӯзбакистон моҳи ноябри соли 2015 матраҳ шудааст.Ба ин тартиб, ин дуюмин мулоқоти вазирони хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА хоҳад буд, ки исми рамзии “C5+1”-ро ба худ касб кардааст. Аз рӯи иттилои ахир, вазири хориҷаи Ӯзбакистон Абдулазиз Комилов аллакай дар Вашингтон қарор дорад.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои  хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти гурӯҳи “С5+1” ба Вашингтон парвоз кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *