Комисия танзим ҳалвову кулчаи туйро ба беморони рӯҳӣ бурд
Мақомоти шаҳри Кӯлоб кӯлчаву ҳалвои ба муносибати арӯсӣ омодашуда дар хонаи сокини ҷамоати Даҳана Зайдулло Худоёровро мусодира карда, ба як бемористони рӯҳӣ ҳадя намуданд. Онҳо гуфтанд, ки таҳияву тақдими ширинӣ дар маросими омодагиҳо ба арӯсӣ хилоф бо муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аст.
Холмурод Иброҳимов, як масъули бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Даҳана рӯзи 20-уми сентябр аз ҷилавгирӣ шудани як қонуншиканӣ гузориш дод. Иброҳимов гуфт, ки хонаводаи Зайдулло Худоёров рӯзи 26-августи имсол дар вақти тӯйи арусии духтарашон, аз рӯи расми қадима барои тақдим ба хонаи домод кӯлчаву ҳалво омода карданд.
Вақте ходимони танзим ба хонаи онҳо омаданд, ин ҳодиса ҳамчун хилоф бо меъёри қонуни танзим арзёбӣ шуд ва таоми таҳияшуда мусодира ва ба беморхонаи рӯҳии шаҳри Кӯлоб интиқол ёфт. Иброҳимов гуфт, ҳарчанд нисбат ба хонаводаи арӯс санад тартиб дода шуд, ба хотири дар марҳилаи пеш аз вайрон шудани қонун содир шудани он, ин хонаводаро ҷарима набасатнд.
«Замони тафтиш ошкор шуд, ки онҳо аз қафои арӯс ҳалвою кӯлча ва мисли ин шириниҳоро, ки як чизи зиёдатӣ ба ҳисоб меравад, омода кардаанд. Мо онҳоро гирифта, ба беморхонаи рӯҳӣ супоридем. Азбаски ин хонавода дар соати ҷудошуда ин корро анҷом дод, фақат огоҳ кардем, ки минбаъд дар маъракаҳояшон даст ба чунин кор назананд. Худашон як зиндагии фақирона доранд», — гуфт Иброҳимов.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ