Комиссияи махсус масҷидҳоро фаъол мекунад?

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  6-уми январ дар ҳошияи нишасти хабарии худ гуфт, ки бар асоси санҷишу баррасиҳои  Комиссияи махсус онщо ешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон барои фаъол сохтани масҷидҳо ироа хоҳад кард.

Ин тасмим дар пайи шикоятҳои пай дар пайи сокинон аз набуди масоҷид ва ё дур будани он аз маҳалҳои зист, рӯи даст гирифта шудааст. Шикояти мардум ин будааст, ки хусусан дар фасли сармо ба ин мушкил бештар рӯбарӯ мешаванд. Бархе аз сокинон дар манотиқи кишвар мегӯянд, ки намедонанд намози ҷумъаро дар куҷо адо кунанд. Ба гуфтаи мақомот, дар соли 2018 танҳо дар ноҳияи Ваҳдат ҳудуди 100 масҷид аз нав ба қайд гирифта шуда ва иҷозаи фаъолият дарёфт карданд. Ин хабарро мақомоти ҳукумати ноҳияи Ваҳдат низ таъйид карда ва гуфтанд, ки аксари ин масҷидҳо қаблан фаъолият доштанд, вале тайи солҳои ахир баста шуданд.Тибқи маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин, феълан дар кишвар 3867 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *