Комиссиюни Аврупо ширкати Google-ро ба маблағи беш аз $4 миллиард ҷарима кард
Комиссиюни Аврупо ширкати Google-ро барои нақзи қонуни зиддиинҳисорӣ ба маблағи беш аз $4 миллиард ҷарима кард.
Комиссиюн ба ин натиҷа расид, ки Google бо истифода аз шеваҳои ғайриқонунӣ истеҳсолкунандаҳои телефонҳои ҳушманди сохтори Android-ро маҷбур кард, ки барномаҳои корбарӣ ва замимаҳои ба мисли браузери Chrome-ро насб кунанд.
Комиссиюни Аврупо бар ин назар аст, ки Google бо ин роҳ майдони сабқатро барои рақибонаш танг кард.
Аммо Google мегуяд, ки комиссия бо берун кардани Apple аз феҳрасти рақибон, хулосаи нодуруст баровард.
Дар як соли ахир ин дуюмин ҷаримаи Google аст. Соли гузашта ширкат бо пеш гузоштани Google Shoping дар бахши ҷустуҷӯ, ҳақи пойгоҳои дигари фурӯши молро нақз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ