Коммисияи бартарафкунии офатҳои замиларзаи Рашт таъсис шуд
Дар натиҷаи заминларзае, ки якуми июли соли ҷорӣ дар деҳоти Хидҷборак ва Аксалони ноҳияи Рашт ба вуқуъ омад, 11 адад манзили истиқоматӣ пурра ва 18 адади дигар қисман валангор гардиданд.
Чуноне, ки корманди маркази матбутии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Умеда Юсупова ба рассонахо хабар додааст, ин офат, инчунин 3 мактаби таҳсилоти миёна, якеро ба пуррагӣ ва дутои дигарро қисман хароб кардааст. Талафотҳои ҷони ба қайд гирифта нашудааст.
Айни замон дар ноҳияи номбурда баҳри кӯмак ба аҳолии зарардида комиссияи кумитаи давлатӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза таҳти роҳбарии муовини вазир Мухаммадтоир Зокирзода фаъолият бурда истодааст. Ба ҳайати комиссия шомил шудаанд Рустам Назарзода, сардори КҲФ, муовини раиси кумитаи Сохтмон ва меъмори Н. Мирзозода, сарвари «Таджикглавгеология» М ХОЛ, раиси н. Рашт К. Лоиқзода ва дигар шахсони масъул, афзуд Юсупова.
То ба имруз нохияхои осебдида бо маводи хурока аз кабили орд, равган, шакару биринч, дорувори ва хаймахо таъмин карда шудаанд.
Таъминоти кувваи барк ба пурраги баркарор гардонида шуда боки корхои баркарорсози то идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ