Комроншоҳи Устопириён дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мақоми 7-умро гирифт
Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло рафт. Бино ба ин феҳрист, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шуд, Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.
Комроншоҳи Устопириён, ки шаби 11 апрел тавассути ҳавопаймо аз Туркия ба Душанбе омад гуфтааст, барои аввалин бор дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мақоми ҳафтумро касб кардааст. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринаш дар ин феҳрист мақоми ҳаштум будааст.
«Ҳамроҳи мураббиёнам Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-29 майи имсол дар Ҳонконг баргузор мешавад, дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинам. Мекӯшам, ки ба мисли соли гузашта дар ин мусобиқаи қитъавӣ ғолиб шавам», — афзуд Комроншоҳи Устопириён.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ