Комроншоҳ , медал биёр, ки…

Аз Чемпионати 32-юм ҷаҳон оид ба ҷудо

Дар  шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 20 то 27 сентябри соли равон Чемпионати 32-юм ҷаҳон оид ба ҷудо ҷараён дорад.

Барои ширкат дар мусобиқа 815 варзишгар аз 131 кишвар дархост кардаанд. Аз ҷумҳурии мо барои иштирок дар мусобиқаи рақами 1-и ҷудои ҷаҳон 10 нафар номнавис шудаанд:

Суҳроб Боқиев ( -60 кг),- Ёқубҷон Боқиев (- 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода,
Сомон Маҳмадбеков ( -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншо Устопириён  (-90 кг), Саидҷалол Саидов ( -100 кг), Шакармамад Мирмамадов, Темур Раҳимов ( +100 кг),  миёни бонувон Шоҳида Қаландарова ( -57 кг).
Дар чемпионати ҷаҳон варзишгарон баландтарин холҳои олимпиро сазовор мешаванд. Ғолибони чемпионат соҳиби 2000 хол, барои ҷои дуюм 1400 хол ва барои ҷои сеюм соҳиби 1000 хол мегарданд.
Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо 800000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар баробари медали тилло 26000 евро (2500 евро ба мураббӣ) ба даст меоранд. Барои ҷои дуюм 15000 евро (3000 евро ба мураббӣ) ва барои ҷои сеюм 8000 евро (1600 евро ба мураббӣ) пешбинӣ гардидааст.

Тақвими Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба ҷудо
Боку. Толори миллии гимнастика
20.09. Вазни -48 кг (бонувон), -60 кг (мардон)
21.09. Вазни -52 кг (бонувон), -66 кг (мардон)
22.09. Вазни -57 кг (бонувон), -73 кг (мардон)
23.09. Вазни -63 кг (бонувон), -81 кг (мардон)
24.09. Вазни -70 кг (бонувон), -90 кг (мардон)
25.09. Вазни -78 кг (бонувон), -100 кг (мардон)
26.09. Вазни +78 кг (бонувон), +100 кг (мардон)
27.09. Рақобатҳои даставии омехта.

То имрӯз ягон паҳлавони тоҷик ба давраҳои нимфиналӣ ё финалӣ роҳ наёфтанд. Дар дили мо мухлисони варзиш паҳлавонони шинохта Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков оташаки умедро барафрохтанд. Сомон дар вазни т о 73 кг  қувваозмоӣ ду ҳарифи худро мағлуб сохт, вале дар набарди сеюм шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид. Беҳрӯзи Хоҷазода бошад, дар вазни то 73 кг се набардро аз паҳлавонони ӯзбеку австриягӣ вв поляк ба фоидаи худ анҷом дод. Аммо дар қувваозмоии чорум аз паҳлавони мизбон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб гардида, ба даври баъдӣ роҳхат гирифта натавонист.

Имрӯз – 25 сентябр дар вазни то 90 кг ба майдони нангу номуси паҳлавонӣ Комроншоҳи Устопириён мебарояд. Ӯ ягона умеди ҳамватанон барои дарёфти ҷоизаи ифтихории Чемпионати ҷаҳонии Боку-2018 боқӣ мемонад. Ба Комроншоҳ барор мехоҳем!

Бояд зикр намоем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон ҳамагӣ як медал дорад. Ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразил дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *