Комроншоҳ тилло не, биринҷӣ овард
31-уми август хабар расид, ки Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия барои медали биринҷӣ мубориза мебарад.
Комроншоҳ дар рақобати мардон зери вазни 90 кило нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Насиф Елиасро аз Лубнон мағлуб кард. Вале Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга шикаст хӯрд.
Ин бори дуюм аст, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2017”), ки соли гузашта дар Анталия баргузор шуда буд, Комроншоҳи Устопириён дар қувваозмоии ниҳоӣ аз ҳамин гуштигири муғул ноком мегардад.
Сипас, Комроншоҳ дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия барои медали бириҷӣ бо Ислом Бозбоеви қазоқ рақобат кард ва дастболо гардида, медали биринҷиро ба гардан овехт.
31-уми август, инчунин, боз ду варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо ба майдон баромаданд.
Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило нахустин рақобати худро аз Санҷар Ҷабборови қазоқ бурид. Вале дар чорякфинал ба Дууренбайар Улзибайари муғул бой дод. Дар даври тасаллобахш ӯ Бекбулат Токтогонови қирғизро мағлуб кард. Шакармамад барои медали биринҷӣ бо Такеши Оҷитани ҷопонӣ дастбагиребон шуда, ҷойи сеюм ва медали биринҷиро барои кишварамон овард.
Саидҷалол Саидов зери вазни 100 кило дар даври аввал Ҷад Фаделро аз Лубнон мағлуб сохт, вале дар чорякфинал бар Чо Гуҳам аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда натавонист. Ӯ дар даври тасаллобахш бар Виктор Демяненко (Қазоқистон) пирӯз шуд. Ҳамакнун Саидҷалол муборизаро барои медали биринҷӣ идома медиҳад.
Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасад, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали нуқра ду биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ин се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 овардаанд.
Имрӯз қаиқронҳои тоҷик Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар сабқати мардон оид ба каноэи дунафарӣ ба масофаи 200 метр ва Абдусаттор Ғаффоров дар сабқати инфиродӣ дар байдарка ба масофаи 200 метр ширкат меварзанд.
Ҳамчунин рӯзи ҷумъа дар мусобиқаи самбо Ҷомии Ҳасан дар вазни зери 52 кило дар даври аввал бо Суҳайл Ҷамолободӣ аз Эрон ва Сомон Сангов бо Беимбет Канжанов аз Қазоқистон вориди рақобат мешаванд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 24 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ