Комроншоҳ Тоҷикистонро байни 34 кишвар 13-ум кард

Паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён, ки пас аз рафтори номатлубаш дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми пойтахт-2017, ҳангоми таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, бо қарори гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳои дохили кишвар маҳрум карда шуд, дирӯз аз Туркия бо медали нуқра баргашт.

Комроншоҳ ба ин дастоварди ифтихорӣ  дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо  “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, сазовор гардид.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз 252 варзишгар (155 мард ва 97 зан) аз 34 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон се гуштигир шомил буд: Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).

Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия ва Ҳае Ҷо Ҷунг аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо гашта, ба нимфинал роҳ ёфт. Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ ғолиб омад ва ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашта, ҷойи дуюм ва медали тиллоро соҳиб шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Хаёмиддин Ҷабборов, ки дар вазни то 73 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Куштрим Гашӣ аз Косово ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Тоҳар Бутбул аз Туркия мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов бошад, дар вазни то 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Ниёз Илёсови русиягӣ шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 9 медал (4 тилло ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дувум шуд. Мунтахаби Косово бо касби 2 медали тилло дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо як медали нуқра дар байни 34 кишвар мақоми 13-умро соҳиб шуд.

Мухлисони гиромӣ! Аз ин дастоварди назарраси Комроншоҳи Устопириён ва мағлубияти Саидҷалол Саидов, ки дар қувваозмоии нахустин мағлуб гардид, чӣ хулоса бароварда метавонед?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *