конфренсия рушди илми ватанӣ дар академияи илмҳо

5 – уми сентябри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конференсияи илмӣ – назариявии “Рушди илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар Маҷлиси тантанавӣ аъзои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои илмӣ, ҷонишинони директорон, котибони илмӣ, сарходимон ва ходимони пешбари илмии Академияи илмҳо иштирок намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Академияи илмҳо ба мо хабар доданд, ки Маҷлиси тантанавиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандони Академияи илмҳоро бо фарорасии 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, иброз дошт, ки Академияи илмҳо дар 25 соли Истиқлолият давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид. Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик Академияи илмҳо равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёстаи дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.

Дар охири маҷлиси тантанавӣ барои натиҷаҳои назараси илмӣ, таҳияи монография ва мақолаҳои илмӣ саҳми босазо дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ 25 нафар кормандони АИ ҶТ ба Ифтихорномаи АИ ҶТ сарфароз гардонида шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *