Конфиренсияи Ҷумҳуриявии «Саҳми занон дар рушди илм»
2 – уми сентябри соли 2016 бо ташабусси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Академияи илмҳо Конференсияи ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм” бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он пеш аз 250 нафар занони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳо дар суҳбат ба мо гуфт, ки Конференсияиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба фарорасии 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Сипас, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Якубова Муҳиба баромад намуда, нақши занонро дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеаи Тоҷикистон муассир арёбӣ намуданд.
Кори Конференсия дар ду бахш идома ёфта, дар онҳо гузоришҳои занон ва олимаҳои фаъоли ҷумҳурӣ оид ба нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, болоравии мавқеи ҷавондухтарон дар ҷомеа, саҳми занон дар рушди илм, пешгирии ифротгароӣ дар байни бонувон, нақши матбуот дар инъикоси ҳаёти занон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон ва ғайраҳо шунида ва муҳокима карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ