Конфронс, гуфтумон ва ҷоиза: Дар Душанбе Рӯзи озодии баён таҷлил гардид (аудио)
Дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи озодии баён дар Душанбе дирӯз, 5-уми май рӯзноманигорон ва коршиносони ватанаву хориҷӣ вазъи озодии баён, дурнамои расонаҳо, мушкилот, эътимод, устуворӣ, шаффофият, далелсанҷӣ ва нақши ҷавонон дар муқовимат бо чолишҳои нави рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сезин Синаноглу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон дар ин нишаст фаъолияти ҳамарӯзаи рӯзноманигоронро боаҳамият ва вазнин хонд ва ёдовар шуд, ки соли гузашта дар саросари ҷаҳон 55 хабарнигор танҳо ба хотири анҷоми кори худ кушта шуданд.
Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба ширкаткунандагони конфронс дар бораи аҳамияти кори рӯзноманигороне, ки бо фасод мубориза мебаранд, нақл кард.
Дар ҳоле, ки рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронӣ доранд, ба гуфтаи Муҷибахон Ҷавҳаризода, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дар кишвар ба рушди ВАО, озодии баён, қонун дар бораи ВАО ва таҳсилоти рӯзноманигорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шудааст.
Хуриннисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бошад, ҳамроҳ бо мушовири махсуси Намояндагии САҲА оид ба озодии ВАО Елена Чернявска, намояндаи ЮНЕСКО Сергей Капров, инчунин бо Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани расонаҳои миллӣ дар Тоҷикистон, Неъмат Мирсаидов, Раҷаб Мирзо, журналистони мустақил ва Ёқуб Ҳалимов — тадқиқотгари Радиои Озодӣ дар мавзуи пойдории ВАО суҳбат карданд.
— Иттилоот дар ҳама қишри ҷомеа таъсиргузор ва зарур мебошад. Мисол, иқтисодиёт бидуни иттилооти саҳеҳу шаффоф пеш рафта наметавонад,- дар баромади худ қайд кард Сергей Капров.
Дар идома Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигори “Азия-Плюс” ва коршиносони соҳаи ВАО Хуршед Атовулло, сарвари расонаҳои МТЖТ, Марта Вестергрен, намояндаи СММ ва масъули ҳимоя ва пешгирии қатли ом, Лобар Исмоилова, раҳбари Маркази рушди журналистикаи муосир, Маҳпора Киромова ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорони тоҷик дар мавриди мушкилоти рақамӣ, таҳқирҳои интернетӣ ва бегонаситезӣ суҳбат карданд.
Хуршед Атовулло, сарвари расонаҳои МТЖТ дар баромади худ гуфт, эътибор ва риояи шаъну шараф дар воситаҳои ахбори омма рукни муҳими фаъолият аст, ки дар замони шӯравӣ назораи амиқ мешуд.
— Буллинг ҳама вақт буд. Аз вақте Интернет пайдо шуд, ба ин ҷо ҳам омад. 2 сол қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ман ҳам ба кибербуллинг рӯ ба рӯ шудам ва то ҳол ин ҳолат идома дорад. Ба фаъолияти касбии ман ҳам таъсири манфӣ расонд. Он замон ҳатто истифодаи Интернетро кам карда будам, кӯшиш мекардам дар наворҳо чеҳраам намоён нашавад,- гуфт дар ин маврид Абдуллоҳ Ғурбатӣ.
Дар поёни чорабинӣ ҷоизаҳои журналистӣ ба рӯзноманигорон тақдим гардид. «Эътимод»-и Шӯрои ВАО имсол ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигори мустақил ва блогори маъруф лоиқ дониста шуд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана ва Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ, Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, ёвари сардори РВКД дар Бадахшон ва Далер Шарифов барандагони ҷоизаи «Сухангӯи беҳтарин» ба номи Иқбол Илёсзода эълон шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ