Конфронси Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ

 

8 сентябри соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон  конфронси илмии устодону шогирдони ин муассисаи таълимӣ таҳти унвони «Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ» бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  баргузор шуд.

Вобаста ба мавзӯи мазкур ректори донишкада Шодӣ Сафаров, муовини аввали Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Зариф Наимов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДМТ Табаралӣ Ғаниев, номзади илми таърих Сайдаҳмад Баҳриддинов, директории хонаи методии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сайраҳмон Раҳмонов ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ ибрози андеша намуданд.

Ризо Назарзода аз ҷумла гуфт, ки соли равон бори нахуст бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила доир шуда истодааст. Ду марҳилаи он бахшида ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва Ваҳдати миллӣ аллакай бомуваффақият баргузор шуданд. Дар барномаи фестивал бозиҳои варзишии миллии гуштигирӣ, чавгонбозӣ, сангбардорӣ, давидан ба масофаҳои гуногун, бозиҳои варзишии халқӣ – хурӯсҷанг, чиликдангал, ланкабозӣ, фалахмон, камонғулак, бандкашӣ, ҳойпарак ба мухлисони варзиш намоиш дода шуд.

Марҳилаи сеюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ 10 сентябр бахшида 26-солагии давлатии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир шуда, дар он даҳҳо ҳазор  иштирок хоҳанд кард.

-Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ сол то сол рушду такомул хоҳад ёфт, — гуфт муовини аввали Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода. – Фестивали мазкур ба Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ барои солҳои 2017-2021 шомил карда шудааст. Ба барномаи фестивал варзиши даставии камарбандӣ ва гурзандозӣ низ ворид карда мешавад. Ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод кардаем, ки дар кафедраҳои тарбияи ҷисмонии мактабҳои олӣ доир ба 10 намуд бозиҳои миллии варзишӣ шуъбаҳо кушода шаванд…

Иштирокчиёни Конфронс доир ба рушду такомули Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ мзокира ороста, таклифу пешниҳодоти муфид пешниҳод карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *