Конфронси илмию адабии «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ»

Бо ташаббуси раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва факултети филологияи тоҷик бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар толори факултети филология тоҷик бахшида ба Рӯзи Мавлоно конфронси илмию адабӣ таҳти унвони «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ» доир гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илм ва иноватсияи донишгоҳ профессор Сабуров Х.М. суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосае қайд карда мешавад. Баъдан аҳли нишастро бо муҳтавои барномаи конфронс ошно намуда, сухани аввалро ба мудири кафедраи забони тоҷикӣ Ҳасанзода Абдуҷамол вогузошт. Ҳасанзода А. таҳти унвони «Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шоири нодирагуфтор» маърӯзаи илмӣ намуд. Дар гузориши хеш профессор Ҳасанзода А. аз вижагиҳои хоси забони «Маснавии маънавӣ» ёдрас гардида, бо овардани мисолҳо аз осори гаронбаҳои Мавлоно андешаҳои худро тақвият бахшид.

Дар идома дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуров Н. таҳти унвони «Мулоҳизаҳо оид ба мазори пири Мавлоно дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Дотсент Нуров Н. дар оғоз навореро, ки дар он суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   соли 2010  дар мазори мансуб ба Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ дарҷ гардида буд, пешкаши аҳли нишаст карданд. Зимни суханронии хеш бо далелҳои бисёре дотсент Нуров Н. қайд намуд, ки ҳарчанд аҳли таҳқиқ бар ин назаранд, ки дар шаҳрҳои Қунияи Туркия, Табрез ва Хуйи Эрон,, Ғазнини Афғонистон, Мултони Покистон  мазори Шамси Табрезӣ вуҷуд дорад, аммо ҳанӯзм ҳеҷ кадоме  бо далелҳои қотеъ собит нашудаанд ва дар мавриди онҳо олимон шаку гумонҳое изҳор намудаанд. Аз ин рӯ, дар замони Шӯравӣ ин мазори Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб аз назарҳо дур мондааст. Агар олимони мазкур дар ин маврид иттилое медоштанд, ба эҳтимоли зиёд мутмаин мешуданд, ки мазори аслии Шамси Табрезӣ дар ҳамин деҳа қарор дорад,ки омилҳои зиёде барои шарҳу тафсири ин назар мавҷуд аст.

Пас аз суханрони илмии устодон дар бахши дуюми конфронс донишҷӯён аз факултети филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ аз ашъори Мавлоно шеърҳо қироат намуданд. Дар идома донишҷӯён аз факултети санъат аз ашъори Мавлоно Балхӣ бо навои классикӣ манзури тамошобинон намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *